МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
Доираи шавқу таваҷҷуҳи Аълохон Афсаҳзод дар адабиёт беҳудуд аст. Аз ҷумла, тамоми умр дар раванди танқиди адабӣ фаъолона иштирок кардааст. «Хубии кори ў дар ин аст, ки… дар бораи асарҳои нависандагони имрўза низ мақолаҳои танқидӣ менависад» – зикр карда буд устод Ҷалол Икромӣ ҳанўз панҷоҳ сол қабл.
«Аълохон Афсаҳзод дар масъалаҳои адабиёти муосири тоҷик ҳам мақолаҳои илмиву танқидии бисёре таълиф намудааст» – низ ин ҳақиқатро зикр мекунад профессор Расул Ҳодизода ва тақризу мақолаҳои мавсуф дар бораи ҷиҳатҳои гуногуни эҷодиёти Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Муъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Кароматуллоҳи Мирзо далели ин гуфтаҳоянд.
Чунон ки зикр шуд, яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти адабии Аълохон Афсаҳзод тадқиқу таҳқиқ ва ташвиқу тарвиҷи рукни басо зарури адабиёт – робитаҳои адабист.
Дар ин радиф сараввал мебояд аз китоби басо хонданиву мондании «Амвоҷи Корун» ёд кард. Он натанҳо доираи васеи шоирону мухлисони назмро бо ашъори баланди имрўзи Эрон ошно намуд, балки ҷустуҷўю бозёфтҳои шоиронаро тақвият бахшид ва дар таҳаввули шеъри муосири тоҷик саҳми назаррас гузошт. Ҳамчунин навиштаҳое аз қабили «Назаре ба шеъри форсизабонон», «Созҳои ҳамнаво», «Дар бораи назми Афғонистон», «Таҷассуми мубориза барои имрўзу фардо», «Дўстии бардавом», «Кишвари дўстӣ», «Нашри тозаи достони куҳан», «Нависандаи ҳақиқатнигор», «Навоӣ», «Симои Навоӣ дар осори Ҷомӣ», «Навоӣ ва адабиёти форс-тоҷик», «Армуғони Қазон», «Анна Каренина» ба забони тоҷикӣ» ва тазкираи «Нафаси гарм», бешубҳа, қаробату муҳаббати халқҳои гуногун ва адабиёти гуногунро бозгўву ташвиқ мекунанд. Яъне, ҳангоми таълифи ин асарҳо муаллиф ҳамеша он ҷиҳатро дар мадди назар доштааст, ки таҳқиқ оид ба робитаҳои адабӣ натанҳо махсусияти ягон

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо