Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

гар чунин шарҳ додаанд: «Орифи шерозӣ дар ин байт мувофиқи машраби ирфон худро шефтаи зоти мутлақ медонад, зеро ишқи маҷозӣ, ки ҳамеша пур аз хатару шаҳвати нафсонист, наметавонад беғам шавад».
Ва, ниҳоят, иқтибоси чорум, ки сеи аввалро ҷамъбаст мекунад: «Тамоми ашъори Ҳофиз ба ин минвол «шарҳ»
дода мешуд. Сўфиён, зоҳидон, рўҳониён кўшиш мекарданд, ки чеҳраи ҳақиқии Ҳофизро аз назари мардум ниҳон доранд, ғояҳои инсондўстонаи ўро таҳриф кунанд, эҷодиёти ўро ба нафъи худ истифода баранд. Барои ин ҷилд-ҷилд китобҳо менавиштанд».
Вале он ҳама кўшишҳо, ки то ҳол идома доранд, ҷуз жожу мож нест ва ҳақ боз ҳам ба ҷониби муаллифи «Ҳофизнома» аст, ки мефармояд: «Ҳофиз дар тамоми асру замонҳо барои ҳама маҳбубу мақбул буд. Аз рўзе, ки ў шеър навиштааст, ҳамнишини базмҳо, роздони дилбохтагон, рафиқи афтодагон, мўниси бечорагон, бурҳони сухани аҳли фазл, зеби суҳбати аҳли завқ аст».
Вазифаи мо, адибону олимони имрўз низ ҳаст, ки ин мавқеи боиставу шоистаи шеъри оламгиру шоирони шаҳирамонро дифоъ бикунем ва ба мавҳумсозии адабиёти заминиву адибони замониамон роҳ надиҳем. Воситаҳои иҷрои ин кор гуногунанд ва мо, аз ҷумла, комилан бо донишманди муҳтарам Абдунабӣ Сатторзода мувофиқем, ки мегўяд: «…он асарҳоеро ҳам, ки оид ба намояндагони ҷудогонаи илму адабиётамон, аз ҷумла дар бораи Ибни Сино, Берунӣ ва Хайём ба забонҳои дигар навишта шудаанд, тарҷума кардан ва ба роҳ мондани нашри мунтазами асарҳои адабию таърихии оригиналӣ дар бораи гузаштагон, аз қабили асарҳои С.Улуғзода, Р.Ҳодизода ва дигарон оид ба Рўдакӣ, Фаррухӣ, Аҳмади Дониш, Шоҳин ва ғайра аҳаммияти калони таълимӣ ва тарбиятӣ дорад».

пешина
аз 323
навбатӣ