Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

данд, ки вақте Ҳофиз «дилбар» гўяд, «Худо»-ро, «май»
гўяд, «ишқи илоҳӣ»-ро, «зулф» гўяд, «нестӣ»-ро, «майкада» гўяд, «хонақоҳ»-ро дар назар дорад. Онҳо садҳо афсона мебофтанд, ки маънии аслии оддию инсонии ашъори Ҳофизро зери парда гузошта, зарофатҳои риндона, афкори ошўбҷў ва инсондўстонаи ўро ғалат ва ба тарзи сўфиёна маънидод кунанд».
Иқтибоси дувум: «Мо медонем, ки Ҳофиз ба Язд рафта, дар он ҷо ба ў гирифториҳои зиёде пеш омад. Дар ин ғазали шикоятиаш аз ноомади кори худ ба фиғон омада, аз Шерози азизаш ёд карда, гуфта буд:

Дилам аз ваҳшати Зиндони Сикандар бигирифт,
Рахт барбандаму то Мулки Сулаймон биравам.

Дар ин байт ягон маънои ниҳонӣ нест. «Зиндони Сикандар» номи яке аз мавзеъҳои Язд буд. Мувофиқи афсонаҳо нақл мекарданд, ки Шерозро Сулаймон-пайғамбар бино кардааст ва яке аз мавзеъҳои он Тахти Сулаймон ном дошту худи Шерози Форсро Мулки Сулаймон низ мегуфтанд. Ҳофиз дар байти худаш аз Язд дилгир шудан ва ба Шероз муштоқ буданашро ба воситаи кор фармудани ин мафҳумҳо ифода кардааст. Аммо шайхону рўҳониён шарҳ медоданд: мурод аз «Зиндони Сикандар»
дунёи фонист ва «Мулки Сулаймон» олами боқиро мефаҳмонад. Хоҷа мефармояд, ки аз ҳама шуғли дунё даст кашед ва доимо вақти худро ба тоату ибодат сарф кунед, ки дар он дунё дастгиратон мешавад».
Иқтибоси савум: «Ҳофиз мегўяд:
Ман дўстдори рўйи хушу мўйи дилкашам,
Мадҳуши чашми масту майи софи беғашам.
Аёнро чӣ ҳоҷат ба баён? Шоир матлабро чунон возеҳу фаҳмо ифода кардааст, ки одитарин ва бемаълумоттарин кас ҳам мефаҳмад. Аммо онро азрақпўшони фиреб-

пешина
аз 323
навбатӣ