МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Равшании талъати ту моҳ надорад,
Пеши ту гул равнақи гиёҳ надорад…».
Аксаран хоҷа Ҳофизро як шоири осмонии мавҳумзамону мавҳуммакон ва мавҳумсимову мавҳумдунё тасвиру тасаввур мекарданд. Хидмати бузурги «Ҳофизнома»-и Афсаҳзод кўшиши тасвири заминиву инсонии шоири бузург аст, ки воқеан дар рўйи замин зиста, ҳама маҳрумиву маҳкумии як инсони хокиро чашидаву кашидааст. Ятимии пуразоб, заҳмати умрбоди рўзгор, марги фарзанду дилбанд, ки барҷову шево тасвир шудаанд, симои чунин инсонро рўшан пеши назар меоранд. Бузургиву махсусияти шоирони нобиға ҳамон буду ҳамон аст, ки заҳмату муҳаббат ва ғаму шодии шахсиашонро умумиинсониву умумиҷаҳонӣ карда метавонанд. Вале ин ба касе иҷоза намедиҳад, ки эҳсосу афкори мафҳуму заминии онҳоро бе далелу бе поя мавҳуму осмонӣ кунад.
Олими хирадманду адиби соҳибэҳсос Аълохон Афсаҳзод қариб панҷоҳ сол пеш ин падидаи номатлубро натанҳо амиқ дарку ҳис, балки ҷасуронаву қотеона маҳкум намуд. Чун ин масъала ҳанўз мавзўи рўз аст ва то ҳол кам нестанд ашхосе, ки аз осори заминиву замонӣ ва комилан инсонии адибон, бахусус шоирони хубамон, маъниҳои набудаи ниҳониву осмонӣ ҷуста, ба ақлу эҳсоси хонандаи ноогоҳ бор мекунанд, чанд иқтибоси нибатан тўлониро бамаврид медонем.
Иқтибоси аввал: «Рўҳониён, ки дар зиндагӣ Ҳофизро чашми дидан надоштанду кофир эълон карда буданд…
акнун ўро авлиё ва соҳиби кашфу каромот эълон карданд.
Дар хонақоҳҳо аз рўйи девони ў фол медиданд. Девони Ҳофизро дар баробари «Қуръон» доми тазвир қарор доданд.
…рўҳониён аз ашъори одии Ҳофиз ҳам маънои ниҳонӣ мекофтанд. Онҳо зўр зада исбот карданӣ мешу-

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо