Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

чеҳранигорӣ, таҷассум шудаанд. Бамаврид аст бигўем, ки баъдан ин ба яке аз ҷанбаҳои муҳимму мушаххаси ҳунари нигорандагии адиб табдил ёфтааст.
Сабаби иншои «Ҳофизнома»-ро муаллиф чунин шарҳ додааст: «Маълум аст, ки дар бораи шарҳи ҳоли Ҳофиз мо маълумоти каме дар даст дорем. На худи ў, на муосиронаш шарҳи ҳоли ўро нанавиштаанд. Аммо агар гуфтаҳои аҳли адаб ва аҳли китобро оид ба Ҳофиз дар як ҷо ҷамъ кунем, қиссаи марғубу хондание ҳосил мешавад».
Ва хонандаи дилогоҳи ин «қиссаи марғубу хонданӣ»
рўшан мебинад, ки муаллиф чӣ заҳмате кашидааст, бо чӣ таҳаммулу тааммул аз даҳҳо сарчашма зарраҳои заррини маълумоту нақлу ривояту далелу санаду ишораҳоро ҷамъ оварда ва заршўйӣ кардаву занҷираи тилоии саргузашти зарнавишти шоири бузургро зеби гардани ақлҳову завқҳо намудааст.
Китоб саршор аз саҳнаву лаҳзаҳои аҷиб ва андешаву муҳокимаҳои ҷолиб аст. Бубинед, ки аз як ишораи сарчашмавии «суҳбати Камол беҳ аз шеъраш буд ва шеъри Ҳофиз беҳ аз суҳбаташ» чӣ ҷузъи дилнишини адабие берун меорад, ки ҳамзамон ғайриилмӣ ҳам нест:
«Камол ба Ҳофиз ғазалеро монда рафт, ки бо матлаи зер сар мешуд:

Он чи ту дорӣ ба ҳусн, моҳ надорад,
Ҷоҳу ҷалоли ту подшоҳ надорад.

Ҳофиз он ғазалро гаштаву баргашта мехонд… Имони ў дар бузургии Камол комилтар шуд… Ақлу хирад ўро водор мекард, ки дурдонаи Камолро бо дурдонаи дигаре ҷуфт кунад, то ки дар ҳар ду гўши мухлисон ҳалқае овехта бошад… Бо ин андешаҳо ба ғазали Камол ҷавоб гуфт:

пешина
аз 323
навбатӣ