МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
ғазалҳои дилошўб хонданд. Ҳол он ки рўҳониён онро бидъат шумурда, шуниданашро манъ мекарданд.
Баъди ду-се рўз Ҷомӣ барои сайр ба тарафи Зиёратгоҳ мерафт. Дар роҳ ўро шайхи машҳури он атроф шайх Шоҳ дида, ба мулоқоташ шитофт. Чун хабари зиёфати Ҷомӣ ва базми хонандагию созандагии ў ба гўши шайх Шоҳ расида буд, дар аснои суҳбат ба расми эътироз ба Ҷомӣ гуфт:
– Шумо муқтадои ҷамеи уламои олам ва пешвои тамоми орифони Арабу Аҷамед. Чӣ гуна бошад, ки дар маҷлиси шарифи Шумо най ва асбоби тараб менавозанд ва усулу доира ва амсоли он месозанд?
Ҷомӣ сар пеши гўши ў бурда, сухане гуфт, ки ҳеҷ кас аз ҳозирон онро нашунид, аммо шайх Шоҳ фарёде кашиду худро аз даст дод. Аммо баъди ба худ омадан гуфт:
– То мавлавӣ Абдурраҳмони Ҷомӣ аз ин корҳо мекунанд, мо аз ислом даст шустаем!
– Агар ислом он аст, ки шумо пиндоштаед, мо даст аз он шустаем! – гуфт Ҷомӣ».
Дар китоб чунин лаҳзаву лавҳаҳои хотирнишин зиёданд. Саҳнаҳои додгарии Ҷомӣ, дастгириҳояш аҳли илму ҳунарро, муносибати мавлоно бо шогирдону муридон, бахусус Алишери Навоӣ, муборизаҳояш бо ифроту хурофот, қатли Улуғбек, вафоти ҷигарсўзи фарзандон ва оқибат фарҷоми умри шоир, натанҳо олимона сарманшаву сарчашмаи илмиро риоят кардаанд, балки адибона ҷозибу ҷолиб иншо шудаанд.
Бисёр асарҳои Аълохон Афсаҳзод аз ҳамин дидгоҳ, яъне, рангубори бадеии далелу санадҳои илмӣ рўйи авроқ омадаанд ва, аз ин рў, натанҳо ақлҳоро комилтар, балки оқилонро пурдилтар мекунанд. Китоби илмию адабии «Ҳофизнома» низ, чун «Дарёи нур», аз ҷумлаи чунин асарҳост, ки Аълохон Афсаҳзод дар овони ҷавонӣ таълиф намудааст ва дар он бисёр ҷиҳатҳои ҳунари ў бахусус

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо