МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
ҷумла, шоир Номии Ироқӣ, барори рўзгору осори ўро мансуб ба сарпарастии Навоӣ дониста, мегўяд:
Гар харидоре набошад, аз куҷо номӣ шавам…
Чун Алишере бубояд, то ки ман Ҷомӣ шавам!
Ва, ҷолиб аст, ки ба ин нотавонбинӣ шоири дигар – Камолиддини Биноӣ, ки ҷомиёна хислатҳое чун ҷасорат, ҳақгўйӣ ва бериёӣ дошт, посухи сазовор гуфтааст:
Ҷомӣ, он офтоби нуронӣ,
Он мунаввар ба нури субҳонӣ
Қадри авқоти хеш чун дарёфт,
Ба сўйи ҳифзи нақди вақт шитофт,
Қимати умрро шикаст надод,
Як нафасро дигар зи даст надод.
Яъне, бузургии Ҷомӣ на аз шарофати ину он, балки аз инояти зиндагии пурдилонаву оқилона, ба бехобӣ маҳкумиву дигар маҳрумиҳо, донистани қадри умри гузарон ва заҳмати шабонарўзии дилу ҷон аст. Чунон ки зарифонаю воқеӣ мегўяд:
Гар ту хоҳӣ дароз гардад рўз,
Чизе аз шаб бидузду бар вай дўз!
Ва дувум, мавқеи устувори инсониву шоирии Ҷомӣ, ғайрату ҷасорати камназири ўст, ки дар лавҳаи зерин таҷассум ёфтааст.
«Рўзе мавлоно Сайфиддини Аҳмад, ки шайхулисломи
Ҳирот буд, бо ёру ошноёни худ ба суҳбати Ҷомӣ омад.
Ҷомӣ, ки мусиқидўст буд, ба зиёфат созанда ва сарояндагонро даъват кард. Дар он маҷлис муғанниёни хушовоз

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо