Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

мегуфт: «Ҳам палос аст, ҳам либос». Дар ҳар либосе дилкаш менамуд…».
Ё худ, фаросату нуктадонии мавлоноро бо чунин саҳнаи ҷолиб бозгў менамояд:
«– Аз муаммоҳои Амир Хусрав чизе дар хотир дорӣ?
Ҷамолӣ гуфт:
– Муаммоҳои Амир Хусрав ба ду навъанд: яке қавлӣ ва дигаре феълӣ.
Ҷомӣ гуфт:
– Қавлӣ зиёд шунидаем, аммо феълӣ чӣ гуна бошад?
Ҷамолӣ рост бархост, баъд қоматро хам кард, баъд рўйи риши худро афшонд ва гуфт:
– Ин феълист.
Ҷомӣ, каме фикр карда, гуфт:
– Ин муаммо шояд ба номи «Идрис» бошад, зеро ки рост шудан ҳарфи алиф, хам шудан ҳарфи долро ба хотир меорад ва афшондани болои риш ба он далолат мекунад, ки аз ин калима гардҳо, яъне нуқтаҳои болои он афшонда шаванд, ки ҳосили он «Идрис» мешавад.
Ҷамолӣ гуфт:
– Ҳақ асту рост, фақир ба камоли фаросати ҷаноби Шумо қоил шудам. Дуруст гуфтаанд, ки «шунидан кай бувад монанди дидан».
Гуфтем, ки мавлоно Ҷомӣ дар замони зиндагиаш маъруфияту маҳбубият дошт, вале, чун ҳама озодманишони давру замонҳо, аз бухлу таассубу хурофот эмин набуд, чунки, аз қавли Аълохон Афсаҳзод, «аз афсонаву бидъатҳо ба танг меомад ва бо ақлу қалам бар зидди ин иртиҷоъ мубориза мебурд». Метавон даҳҳо мисол овард, ки дар осори зиёд зикр ва дар қиссаи «Дарёи нур» гулчин шудаанд, вале бо зикри дутояш иктифо мекунем.
Яке ин ки Ҷомӣ низ, чун ҳама комёбиву муваффақҳо, аз бухлу ҳасад ва бахилу ҳасудон ҷойи гурез надошт. Аз

пешина
аз 323
навбатӣ