МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
модарам месўхту месўхт… чун каси соҳибдард барояш роҳату истироҳату фароғат ҳаром гардида буд. Ҳамин ки бекор монд, гиря мекард ё рў ба китоб меовард… Марсияҳои Ҷомӣ марҳами дарду доғи ў буданд…
Зери гил тангдил, эй ғунчаи раъно, чунӣ?!
Бе ту мо ғарқа ба хунем, ту бе мо чунӣ?!
Силки ҷамъияти мо бе ту гусастаст зи ҳам,
Мо, ки ҷамъем, чунинем, ту танҳо чунӣ?!».
Ин ҷо нақлу тасвир чунон муассиру фарогир аст, ки модар дигар танҳо модари муаллиф нест, модари тоҷик аст, ки ҳастиашро бедареғ фидои ҳосили асосии умраш – фарзанд кардаву мекунад ва Ҷомӣ як рукни адабиёти тоҷик не, худи адабиёти тоҷик аст, ки ҳадафаш таскинбахшоии пурдилонаву тамкинбахшоии оқилонаи инсонҳост.
Қиссаи илмию бадеии «Дарёи нур», ки рўзгору осори мавлоно Абдурраҳмони Ҷомиро дастрасу ҳамафаҳм тасвиру тафсир кардааст, шомили маҳз ҳамин ҷиҳатҳост.
Мавсуф, баръакси бисёр бузургони илму адабамон, дар барҳаётӣ маъруфу маҳбуби замон шуда буд ва ҳолномаҳои зиёдаш, ки дар кутуби дўстону шогирдонаш омадаанд, далели инанд. Ба мушоҳидаи дақиқи профессор Абдунабӣ Сатторзода, Аълохон Афсаҳзод «ин гуфтаву мулоҳизаҳоро санҷида, сараро аз носара, ҳақро аз ботил ҷудо карда… як асари илмию адабии нисбатан мукаммал ва саҳеҳро ба вуҷуд овардааст», яъне, аз сарчашмаҳои фаровон муҳимтарин лаҳзаву саҳнаҳову гуфтаҳоро ҷамъ карда, симои адиби бузурги халқамонро офаридааст. Аз ҷумла, хоксориву фурўтании адибу ҳакими бузургро низ, ки асрҳост рамзу тимсол шудааст, бо лавҳаҳои мушаххас дар пеши назари хонанда муҷассам мекунад: «…гоҳе або дар китф медошт, ки онро кашида ба зери по меандохт ва

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо