Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

суханшиносӣ будааст. Ва нахустин чизе, ки бо як назари омиёна ҳам ба мушоҳида мерасад, сермаҳсулии ин олими адиб ё худ адиби олим аст. Дар ҳама шохаҳои номбаршуда ҷилд-ҷилд осореро метавон пайдо кард, ки далели доираи васеи таваҷҷуҳ, сатҳи болои завқ ва афзун ҷустуҷўю бозёфтҳои ҳосили заҳматписандии камназири ўянд.
Вақте ки Афсаҳзод мегўем, пеш аз ҳама, Мавлоно Ҷомӣ ба ёд меояд. Натанҳо аз он ҷиҳат, ки мавсуф бештари фурсату қувваташро сарфи омўзиши ҳаёту эҷоди он бузургмард кардааст, балки аз он лиҳоз ҳам, ки ин амалаш пайвастаи силсилаи ҷустанҳову ёфтанҳо, навҷўӣиву тозакориҳо ва дилрас гуфтанҳост.
Чун Аълохон Афсаҳзод адиби пуркору пухтакор ҳам буд, ҳақ дорем, ки на ба ҳама кору осори ў бо меъёрҳои илмӣ рў биёрем. Аз ҷумла, ба муҳаббати сўзонаш ба мавлоно Ҷомӣ ва хидмати фаровонаш дар ҷомишиносӣ. Метавон ин падидаро тасодуф гуфт ва ё бастаи ину он сабабу омилҳо донист, вале, агар амиқтар бингарем, бастагии зодиву ниҳодиеро метавон пайдо кард, ки дар бозтоби офтоби шахсияти басо осмониву остонии Ҷомӣ ба ахтари хоксору пуркори шахсияти Афсаҳзод ифода меёбад. Аз ин рў, вақте ки «Тамоми умр бо Ҷомӣ» мегўяд, номи китоби мушаххас не, китоби муҳаббату заҳмати зиндагиаш пеши назар ҷилвагар мешавад. (Ҳамин эҳсос ҳангоми бархўрд бо навиштаҳое оид ба устод Рўдакӣ, ҳаким Низомӣ, шайх Аттор, мавлонои Балх, шайх Саъдӣ, хоҷа Камол, мирзо Бедил низ хонандаро фаро мегирад).
Ин муҳаббат, бе муболиға, бо шири модар дар вуҷуди ў ҷо шудааст ва ин рухдодро худи адиб чунин муассир ба қалам медиҳад: «…модарам баъди панҷ фарзанд якбора бачамур шуд. Чаҳор фарзанди ў пасиҳам таваллуд шудаву мурдан гирифтанд. Падарам чӣ гуна ғам мехўрданд ва ё сабру таҳаммул мекарданд, бароям маълум набуд. Аммо

пешина
аз 323
навбатӣ