Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

ҚИМАТИ УМРРО ШИКАСТ НАДОД…
Илму адаб зотан вожаву мафҳумҳои бародаранд ва ҳадафу вазифаи ҳар ду ҳам, бо шаклу воситаҳои гуногун, афзудани дарку маърифати хонанда будааст. Вобаставу пайвастаи ду ниҳоди муҳтарами маърифатбахшо – Академияи илмҳо ва Иттифоқи нависандагон будани бисёре аз ходимони илму адаб низ ин нуктаро рўшан бозгў мекунад. Олимони адиб ва адибони олим рамзу тимсоли ин бастагии маънавианд ва умре бору осори ҳар ду шохаи дарахти ҷовидона сарсабзи маърифатро афзудаанд.
Олиму адиби шинохта, доктори илми филология, профессор Аълохон Афсаҳзод аз он ҷумла аст. Мо, донишҷўёни солҳои ҳафтодуми асри гузаштаро дар ин шахсият бисёр чизҳо ҷалб мекард. Аввалан ному насаби ғайриодатӣ басо тоҷикона. Дар мавриди ин адибу олими он вақт ҷавон, вале пуркору шуҳратёр номи зебову шевои «Аълохон» ба шунавандаю хонанда маҳз маънои аслии луғавии хешро талқин ва ҳатман ба пайравии ў ташвиқ менамуд. Насаби мавсуф низ натанҳо бо фасеҳию равонӣ ва тозагиву ғайриқолабӣ будан, балки бо мазмуни амиқи хеш, ки ҳастии маънавии соҳибашро дақиқ ифода мекунад, барои ҳамеша дар зеҳни мо нишастааст.
Аз охири солҳои панҷоҳуми асри бист сар карда, дар илму адаб ва санъати тоҷик падидаҳое рух доданд, ки бо умқу вусъат ва файзу баракат дар маҷмўъ эҳёи кўчаки фарҳанги миллӣ унвонашон кардан ғалат набудагист.
Шахсиятҳои бузургеро, ки дар самтҳои муайян он падидаҳоро ба вуҷуд оварданд, ҳамагон медонанд. Вале яке аз он нафарони ангуштшуморе, ки дар бисёре аз ин самтҳо заҳмат кашидаву саҳм гузоштааст, бешак, Аълохон Афсаҳзод мебошад. Эҷодиёти ў аз оғоз шомили бахшҳои тадқиқи адабиёт, матншиносиву таҳияи матн, насри илмии оммавӣ, тадқиқи робитаҳои адабӣ, тарҷумаи бадеӣ, забоншиносӣ ва таҳриру такмили илми пурвусъати

пешина
аз 323
навбатӣ