Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Шералӣ», «Ҷашни ваҳдат ва пирўзӣ муборак, ҳамватанон»; «Эҷоди ҷавонон» ва «Пайғом»; «Баёз» ва «Баёзи истиқлол»; «Мерос» ва «Мероси адабӣ». Аксари ин рубрикаҳо такрору мавсимӣ ва, аз ин рў, нозаруранд.
Дар ҳамон ҷаласаи муҳокима, ки зикраш рафт, ходими маҷалла Юнус Юсуфӣ гила кард, ки «фаъолияти ҳайати таҳрир… барои пешрафти кори маҷалла хеле зарур мебошад. Мутаассифона, мо ёрии онро кам эҳсос мекунем».
Гапи ҳақ аст, лекин барои амалӣ намуданаш ҳайати воқеан босалоҳияту коргари таҳрир лозим аст, на ҳайатҳои вазифадори фахрӣ, ки шояд баъзе аъзояш аз мавҷудияти чунин нашрия ва узвияти хеш ба он ҳайат огоҳ ҳам набошад.
Хуллас, фазилати ин маҷаллаи номвар алҳол ҳамин аст, ки хушбахтона, аз шарофати дастгирии давлат, арзи вуҷуд мекунад ва, мутаассифона, ба сифати як нашрияи ҳадафманду пурмуҳтаво ва воқеан миллӣ танҳо дар ҷараёни ташаккул қарор дорад. Барои ба ин мақсад расидан ҳадафмандонаву масъулона заҳмат кашидан мебояд, вагарна бо даъватҳои қолабии содалавҳонае чун «обуна ба маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ» зуҳури эҳсосоти волои миллатдўстӣ ва фарҳангпарварист», ки мисли пешгуфтору сарсуханҳои бешумору бебор аз шумора ба шумора мекўчанд, хонандаро ҷалб кардан имконнопазир аст.

2012

пешина
аз 323
навбатӣ