Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

навиштани калимаҳои маъмул маъниву мартабаи навиштаҳоро меафзуда бошад?
Услуби пуртакаллуфи тумтароқи мутантани мавҳум, такрори хабарҳо, ғалатҳои имло ҳатто дар ахбор ва зерматни суратҳои маҷалла нуфуз дорад. Масалан: «Ишон дар айни ҳол ҳамчунин раёсати Бунёди Рўдакиро уҳдадор мебошад», «Устод… дар айни ҳол Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро уҳдадор мебошад», «Устод… 70- умин солрўзи таваллуди худро истиқбол мекунад», «Устод Сотим Улуғзода – муаллифи… бознависи дуҷилдаи мансури «Достонҳои Шоҳнома»… садсола шуд» (гўё мавсуф барҳаёт аст ва ҷуз «бознавис» коре накардааст), «…романи ў аз сўйи хонанда хуб пазируфта шуд», «Инак… қиссаи ҳуҷҷатии ўро… пешкаши хонанда месозад ва умед дорем аз ин раҳ рўҳи давлатмардони бузурги миллатро… шод созад», «Таваҷҷуҳи хос дар сатҳи давлатӣ ва барномаҳои расмии ин ҷашни бостонӣ ба эҳёи дигарбораи суннатҳои наврўзӣ мусоидат намуд ва беш аз ин… барои эҳёи ин ҷашн дар минтақа ва шуҳрату мақбулати ҷаҳонии он мусоидат намуд», «…ба воситаи барномаҳои муфассал ва огоҳона ниҳодина (?) ва фарогир кардани фарҳанги Наврўз аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки…», «Зикр карда шуд, ки машварати адибони ҷавон… дар сатҳи баланд гузаронда шуд». Аз назари солим ҳоҷати калимаву ибора ва ҷумлаҳои нестандарҷаҳон сохтан нест, ганҷинаи мавҷудаи забонро дуруст, беғалат, барҷо истифода бибарем, кофист.
Яке аз ҷиҳатҳои муҳимми ҳар маҷалла бахшҳо, ба истилоҳ рубрикаҳои онанд ва ҳар рубрика маводди хоси соҳа ё мавзўеро дар бар мегирад. Дар ин кор ҳам чунон ҳараҷу мараҷест, ки хонанда сарҳисоби корро гум мекунад. Масалан, маводди фаровоне, ки зери як унвони фарогири «Ёдбуд» гирд оварданашон мумкин аст, таҳти рубрикаҳои «Ёдбуд», «Ёдкада», «Ёдкадаи «Садои Шарқ», «Ёднома»,
«Ёди Ғалабаи Бузург» ба табъ расидаанд. Ё рубрикаҳои
«Ҷашнвора», «Садаи устод Турсунзода», «70-солагии Лоиқ

пешина
аз 323
навбатӣ