Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

«Ано ал-ҳақ» гуфт Мансуре сардор,
Ано ал-хар гўяд ин Мансури Сардор!

Ҳарфи мо аз дуруштии танзи сатри дуюм не, боз ҳам аз бесаводии форсии матнбардорон ва бедиққатии маҳзи масъулони нашрия аст, ки боиси чунин харобу абгор шудани «аналҳақ»-и машҳуру вирди забон ва «Мансури сари дор»-и машҳуртару вирдизабонтар гардидааст.
Боз:

Агар зар доштам, вел мегирифтам,
Чавуну хубу хушгел мегирифтам.
Ба рўйи синаи нарми дилорум
Кабўтарвор манзил мегирифтум.

Боз:

…На дар шаҳру на дар бозор лекин
Сар сарчашмаи Хунсор дидам.

Ё худ, «…ба ин ки маро халқ ихтиёр карданд, ки ту беҳтарин халқӣ, ғарра натвон гашт». Маълум, ки нафареро «беҳтарин халқ» гуфтан бемаънист, «беҳтарини халқ»
шуданаш саҳеҳ аст. Ё худ, Валентин Бережковро, ки бо ёддоштҳои сиёсиаш бисёр шуҳрат дорад, аз хати форсӣ Брижков хондан. Ё «Ҳикояте аз ҳуши миллати Олмон»-ро дар ду шумора пайиҳам чоп кардан...
Воқеан, забони хароби тақлиди эронӣ фақат хоси ин бахш нест. Мисолҳо аз дигар қисматҳои маҷалла: «Одамон ба се гунаанд…», «Шояд қаламкаше дигар агар ҷойи Сорбон будӣ, шикаста мешуд…», «…ў бо ҷасорат мекўшид… аз масоилу мушкилотҳои миллати худ сухан ба миён оварда бошад» ва ғайраву ҳоказо. Ё бар хилофи имлову талаффузи мо гушода, сиҳр, ишон, ҷаҳонгушо, торих, иҳтиёҷ…

пешина
аз 323
навбатӣ