МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
Моҳи Рамазони пурато мегузарад,
Умри хуши мо ба сад хато мегузарад. (?)
Ҳар кас, ки дар ин моҳ дилозорӣ кунад,
Не раҳмати Ҳақ бинад, не рўйи Расул. (?)
Ин қаринаи ҳангоми гуфтани шахсе ё навишта гирифтани фолклоршиносе харобшудаи рубоиҳои боло будагист ва чунин подарҳаво оварданаш на рўҳи мақоларо меафзояду на шукўҳи маҷалларо.
Дар №5 номаҳои адиби шаҳид Абдушукур Пирмуҳаммадзода манзур гардидаанд ва аламовар аст, ки ҳамин пораҳои дар пардаи ҷону бо хуни дил иншошуда ҳам аслӣ ба дасти хонанда нарасидаанд. Масалан, дар ин сатрҳои Владимир Маяковский, ки аслашон иқтибос шудааст: «…с такой землёю, найдешь (?) на жизнь, на труд, на праздник и на смерть». Аз нома ба бародари бузургаш Абдусалом Деҳотӣ: «…фарзанд (?) агар ҳамин тавр шуда монад, ба ҳавлӣ мактубе нависеду фаҳмонед…», «Армияи Сурх ба думи онҳо ҷангали короӣ баст»
(?), Мутаввакил (дар як пораи кўчак ду бор). Чӣ ҷойи гуфтан, ки калимаҳои ишорашуда «идешь», «фаразан», «Мутаваккил»
аст, вале ҷумлаи ишорашуда ҳеҷ фаҳмо нашуд, ки нашуд.
Гуфтем, ки дар асарҳои мансур пораи манзуме нест, ки беғалат бошад. Ҳаминро метавон дар ҳаққи мақолаҳои маҷалла низ гуфт. Мисолҳо:
Гарчи мазҳаб дигар аст, ҳеҷ қавм бегона нест, (?) Боғбонро дар чаман ҳар гул ба ранги дигар аст.
Ё худ, «Дареғо, дар ҳама олам надонам кас забондонаш!».
Ду бахши доимии «Садои Шарқ» «Турфаҳо» ва «Ахбори фарҳангӣ»-ст. Бахши аввал гоҳ-гоҳ лаҳзаҳои ҷолиби танзомезу пандомўзеро аз ҳаёти бузургон манзур мекунад, лекин айнан, асосан, аз матбуоти даврии Эрон, бо забони махлуту вайрон, бо ғалатҳои фаровони имлову забону баён пешниҳод шудани мавод ҳусни онро сахт костааст. Дар ҳикояте (№8) омадааст:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо