МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
думи сухандону суханрасамон нестанд. Шояд бигўянд, ки нусхаҳои зери даст чунин аст ё илми фолклор дахлнопазирии матнро тақозо мекунад, лекин дар чунин шакл овардани матнҳо натанҳо завқи мардуми суханофаринамонро зери шубҳа мегузорад, балки завқи хонандагони имрўзро ҳам мекоҳад. Беҳуда нест, ки бисёр асарҳои мардумии дигар халқҳо дар таҳриру коркарди бадеии адибону олимони соҳибзавқашон манзуру маншуру машҳур шудаанд.
Моҳи Рамазон зи ғам барорад ҳамаро,
Аз шарбати мағфират чашонад ҳамаро.
Ин моҳ ғанимат аст, соле як бор,
Дар соли дигар Худо расонад ҳамаро.
Аълоҳазрат қофия исрор дорад, ки «барорад» ҳамсавту ҳамоҳанги «чашонад» ва «расонад» бояд «раҳонад»
бошад. Ва ин дуруст аст, чунки «аз ғам баровардан» ҳеҷ маъмул нест, мардум «аз ғам раҳонад» мегўяд. Худо «дар соли дигар» не, «то соли дигар» мерасонад. Билохира, агар мисраи сеюмро «Ин моҳ ғанимат асту соле як бор» бихонем, равонтару ширинтар ва табиитар мешавад.
Моҳи Рамазон омаданд аз сўйи Биҳишт,
Омад ба машоми муъминон бўйи Биҳишт.
Ҳар кас, ки дар ин моҳ дилозорӣ кунад,
На рўйи Биҳишт бинад, на бўйи Биҳишт.
Бешак, Рамазон лоиқи эҳтиром аст, лекин «Рамазон омаданд» гуфтан натанҳо самимиятро ба он мекоҳад, балки як зарра ифодаи танзолуд ҳам мешавад. Аз ин рў, бешак дар асл «Рамазон омада», «кунад», ки вазни сатри сеюмро халал додааст, «кард», мавқеи қофияҳои мисраи охир баръакс аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо