Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

задааст? Дар қисса, аз рўйи одати барҷову нобарҷойи бисёр носирон, шеърҳо ҳам истифода шудаанд ва боз ҳам одатан ҳама ғалат. Ҳатто ба саволе ҷавоб нест, ки чаро «Нусратулло Махсум»? Сарфи назар намудани муҳити кору пайкори қаҳрамон ба он овардааст, ки ҳатто ҳамсафони қаринаш, аз ҷумла Шириншо Шотемур, дар лаҳзае ё тасвире, ёд нашудаанд. Забони қисса таҳрири ҷиддӣ мехоҳад. Чун ин ҷумла: «Ин рўзҳои мудҳиш… ба сари шахсе, ки барои бунёди давлати тоҷикон ҳама дороияшро сарф карда буд, омад». Аз норавонии баёни ҷумла мегузарему зикр мекунем, ки Нусратулло Махсум ҷуз дилу нияти пок ва меҳру садоқат ба ин халқу диёр дороие надошт ва «буду шудашро, вуҷудашро сарфи бунёди давлати тоҷикон кард»
гуфтан саҳеҳу воқеӣ мебуд.
Ду асаре, ки банда воқеан роҳат карда хонд, дарки муҳиту шахсиятҳо намуд ва аз ҳар ҷиҳат баҳраҳо бардошт, очеркҳои Нарзӣ Обидов «Дар байни устодон» (№3) ва «Самбўсаи шоҳмотӣ» (№10) буданд. Онҳо муҳити адабии 50–60 соли қабл, симоҳои азизу фаромўшнашудании устодони адабиёту нашриёти мо, заҳмату самимияти онҳоро бисёр хуб, бо забону баёни содаву гўё ва бетакаллуфу бетаоруф инъикос кардаанд ва хуб мебуд, ки маҷалла ин кори карданӣ, яъне чопи ёддошту хотираҳои самимиву ибратомўзро идома бубахшад.
Дар бораи ҳикояи Марямбонуи Фарғонӣ «Санги соҳибном» низ тақрибан чунин гуфтан мумкин аст. Асари одиест он ва гўё зиддияте ҳам надорад. Лекин ботинан пур аз конфликту характерҳост ва, хушбахтона, бо забони хуби меъёр, ки ин замон бахусус дар насри мо мурғи анқост, иншо шудааст.
Дар №8 мақолаи фолклоршинос Рўзӣ Аҳмад «Рамазон сӣ рўз меҳмони ман аст» ба табъ расидааст, ки шояд қасди тадқиқи ин воқеаи муҳимми ҳаёти мусулмононро дар эҷоди халқ доштааст. Дар он пораҳои манзуме оварда шудаанд, ки пуриштибоҳ буда, ба ҳеҷ ваҷҳ далели завқу салиқаи мар-

пешина
аз 323
навбатӣ