МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
раҳ ба розашон бурд», «…ҳеҷ кас наметавонист ба ёд овард…», «…ун бечора наметавонист сар аз хафол (?) берун бурд», «…нотарстарин одам наметавонист бар дарахт наздик шуд». Агар ба ҷойи «бурд», «овард», «шуд» мутаносибан «бубарад», «оварад», «шавад» бигўем, гумон мекунем, ки ба сабку услуби нависанда халале намерасад.
Боз ҳам ҷумлаҳое, ки аз ягон ҷиҳат нақс доранд ва ҳеҷ зеби чунин асари калонҳаҷми бо заҳмати зиёд таълифшуда нестанд: «…пеши худ кашф кард», «Аз асироне, ки Баротур то акнун ба Козарун оварда буд, сарнавишти Парвину Маҳнўш монанд ба онҳо нашуд», «Парвин… дарёфта буд, ки ба дасти ў тадбири кор кардан мешуд», «…оби ашкро то гулуяш кашид», «Темур нигоҳи ваъдадиҳанда ба рўйи вай баст», «…аз кор мондани об анҷоми зиндагӣ аст», «По шав, додар…», «Андомҳо дар пайкари Парвез… аз гуфтану шунидан даст кашиданд», «…ҳама андомҳо дар пайкараш фалаҷ гардид». Боиси таассуф аст, ки ҳатто ғалати авомонае аз китоб ба китоби адибонамон мекўчаду боре мавриди андеша қарор намегирад, ки марг шарбат надорад, заҳр дорад («аз дасти ў шарбати марг чашида буданд»). Дар маҷмўъ самимона орзу мекунем, ки нависандаи боистеъдоде чун Юнус Юсуфӣ аз мавзўъҳои мавҳуми дилнорас даст кашида, рў ба эҷоди асарҳои воқеии дархўрди замону одамон биёрад.
Дар №9 қиссаи Диловари Мирзо «Махсуми Нусратулло» (чаро «Нусратулло Махсум» не?) манзур шудааст. Аввалин эҳсос ин аст, ки оқибат бо лаҳзаҳои ҷолиби рўзгори он бузургмард ошно мешавем. Мутаассифона, қисса бисёр умумӣ буда, такрорҳои зиёд дорад ва баёни соф китобӣ самимияту гармии онро басо костааст. Бедиққатӣ ба дараҷаест, ки гоҳ «шумо» муроҷиат мешаваду гоҳ «ту». Калимаи маъмулу ошно дар ҳама ҷо «Қартегин» зикр шудааст ва кас ҳайрон мемонад, ки он ғалати имлоист ё шакли саҳеҳи ин вожа ва агар тахмини дуюм дуруст бошад, чаро муаллиф бе шарҳе ба чунин иқдоми шубҳабарангез даст

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо