МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
ҳам мушоҳида шуд: «…сари тоза тарошидаи аз қадаш азимтар», «Замони муллобозиву пайғамбарсозӣ соф бимурд», «…мегуфтӣ ки садо аз пушти каллаи азимаш берун меояд, на аз даҳони белабаш», «Шабонгоҳ ҳалуҷаки дарози гургҳо гўшҳоро харошид ва хомўшаку пашаҳои дигар хобро дар хонаи чашм бишикаст», «Бо ҳамфикрӣ макони даррандаҳоро сарвату сархату сармоя қарор медиҳем», «Неру анбошт ва ёдашро ба марзи домани иффат шиновар кард», «Субҳ аз шом оқилтар аст», «Ту метавонӣ дар замони нав омўзгори хуб вал изо ҳифозатгари хату забони хеш бибошӣ», «Адолатро аз худ канор нагузоред», «Аслан ҷисми инсон киштист ва эҳсоси ў мисли кўдак. Агар киштӣ бехудо бошад, ҳар лаҳза ғарқшавӣ таҳдидаш мекунад ва агар эҳсос бемодар монад, дар зиндагӣ роҳгум мезанад», «Офтоби сари бора инак-инак мечуртид», «Офтоб бо нурҳои бедареғу ҷонсўз рўзҳову шабҳои дилгазони як моҳро дар панҷаи ҳарорати тафсон буғиву обу кўр кард.
Ҳо, дар ин муддат мардум дандон ба дандону нохун ба нохун харошиду обод бинмуд. Тобу тоқат ва таҳаммули авлодӣ маризии саросариро низ бишкаст. Чўлистонро дасти неру ранг биёрост…».
Норасоии дигари асар кашолсуханиву майдагапии он аст. Гумон мекунӣ, ки мақсади муаллиф ҳарчи бештару калонтар навиштан будааст, вагарна аз лаҳзаҳои воқеию табиии он қиссаи фушурдаи хондание сохтан имкон дошт.
Забону баёни романи Юнус Юсуфӣ «Шинак» (№8) асосан хуб аст. Нависанда бо корбасти қолабҳои классикиву халқӣ андешаву тасвирҳояшро мафҳуму рўшан ба қалам додааст. Сарфи назар аз ин, норавонбаёниҳо ва ғалатҳои гоҳ-гоҳи ифода ҳусни онро костаанд. «Парвин…
тавонист ба чеҳраи ў нигарист». Ҷумлаи урфию фаҳмои тоҷикӣ тақозо дорад, ки ба ҷойи «нигарист» бояд «бингарад» ё «нигаристан» бигўем. Мавриди зикр аст, ки қолаби мақбул аксаран вайрон истифода шудааст ва ин чанд намунаи дигар шоҳиди ҳоланд: «…Маҳнўш наметавонист

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо