Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Маълум аст, ки бо чашми чор некиро мепоянд ва дархўрди ин маврид «интизор» аст. Бо вуҷуди ин, ҳикояи мазкур яке аз хонданитарин асарҳои насри маҷалла аст ва агар сазовори мазмуну мундариҷа «Шайтонвихр» (чунон ки қаҳрамони ҳикоя танзомез «гирдбод»-ро меномад) унвон медошт, беҳтар мебуд.
Шумораи 4 давоми романи Сайидаҳмади Зардон «Вахш»-ро пешкаши муштариён кардааст. Дар бораи он дар матбуот фикру андешаҳои зиёд баён шуд, мо танҳо оид ба забону баёнаш як нуктаро меафзоем. Маълум аст, ки асоси ҳар асари бадеӣ забон аст, забони солим, самимӣ, дархўрди замону одамони мавриди тасвир, ки мақсадро дилрас ба хонанда бирасонад. Мутаассифона, забони романи мазкур гоҳе бисёр китобист, гоҳе басо пуртакаллуфу пуртаоруф, ки самимияти гуфторро аз байн мебарад, нақлро дилгир мекунад ва персонажҳоро ба як типи ҳамсони ноҷолиб табдил медиҳад. Чанд мисол аз аввали асар:
«Ангеза ин ки баъд аз ҷарроҳиву тирро аз сони пойи Гулноз канор кардан, оғози дигаре сар кашид», «Тафсилоти воқеа бозҷўйӣ мегашт», «Раиси идора… аз беҷурмии муаллим бў гирифт», «…дар олами тафаккур асир афтод», «…ҳаминак ҳоли хуби иҷмолан бозгўйи воқеаро надошт…», «Бетардид амри ҷид дар жарфи ботин андешаҳои мавҳум – сарбаставу печидаро барангехт», «…дар қалби Аҳмади Ҳабиб бодаки фараҳе бидавид», «Хоҳиши тар пазиро гашт», «…рўйи фарш пасу пеш гом кашид», «…андар осмони дили ў ғайри бунёди боғ чизи дигаре намеғунҷид», «Оваҳ, ҳоллаи гулҳои дарахтон чӣ андоза мутаваҷҷеҳашон месохт!», «Ва ин сагҳои тундхў… нияти мевадуздонро дар қалбашон ях мебастанд», «…ихтиёр дар косаи сабраш намепоид», «Ханда дунболаи ў ашкро дар чашмҳо муддате гарм медошт», «ҳаваси мевахўрии бачаҳо ба пирӣ намерасид», «Аммо магар метавонист ҳолати рўҳии набера аз назари кунҷковонаи модарбузург канор бимонад?», «Туро барои кинатўзӣ тарбия накунам». Мутаассифона, ҳамин услуб дар идомаи асар

пешина
аз 323
навбатӣ