Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Дуздӣ кардам буд вақте гўсала…
Шуд кассе ҳараҷхўру аромхор,
Мезанадаш неш дар гўр мўру мор…
Тез омад бо мисли бод ў,
Гурбаро бар сорбонҳо дод ў,
Гуфт: қабул созед савғои маро,
Марги ҳар як мўш худ ин гурбаро.
Сорбоне гуфт бо пушти харам,
Гурбаат соқу саломат мебарем.

Чизе, ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест.
Мисолҳои шеъри номақбул (ё ношеър) зиёд метавон овард, вале бо ҳамин иктифо намуда, бо таассуфи бузург мегўем, ки навиштаҳои беш аз 40 нафари чун шоир муаррифишуда ба ҳеҷ ҳилаву баҳона дархўрду лоиқи «нашрияи миллӣ» (ки бояд дастовардҳо, ақаллан намунаҳои беғалати назми миллиро чоп кунад) нестанд.
Дар №3 ҳикояи Баҳманёр «Гирдоб» чоп шудааст, ки чун дигар навиштаҳояш бо сужети аҷиб, образҳои рўшани хотирмон ва танзи беғубори дилрас фарқ мекунад. Мутаассифона, ҷо-ҷо ифодаҳои нобаҳманёрона мавҳуму муғлақ роҳ ёфтаанд, ки дар маҷмўъ қимати ҳикояро коста натавонанд ҳам, таассуроти яклухти хонандаро халалдор месозанд. «Людмила Павловна магарам аз гирдбодҳо тарсида буд, ки мурғҳоро ҷамъ карда ба сўйи катак меронд», «Духтар магарам дилкашолӣ ба дигаре дошт, ки… «не!» мегуфту бас». «Магарам» ноилоҷӣ, ночориро ифода мекунад ва ин ҷо, ки ҳадаф эҳтимолият, тахмин аст, «магар» барҷотар будагист. «Фикри мурғҳоро хўрдааст бадбахту фикри худро не…». Чандон ки огоҳем, ғамро мехўранд, «фикр»-ро мекардагистанд? «…онҳоро дар нутқаш кор бурданро хуш дошт». Аён аст, ки ду пасоянди «-ро» ифодаро ноҳамвор кардааст ва, забонзада ҳам бошад, ҳамон шакли маъмули ин маънӣ («дар нутқаш кор бурдани онҳоро хуш дошт») дуруст менамояд. «…бадбахтие чашмчор мебояд шуд».

пешина
аз 323
навбатӣ