МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
ҳоказои муаллифони пораҳои манзум анъана шудааст, лекин сатри аввал чӣ маънӣ дорад? Оё бешармии яке сабаби ҷурми дигаре шуда метавонад?!
Адибаи Азиз (№2) мегўяд: «Абрҳо хатти ҷабини осмон». Магар абр (ки бо сад шакл зуҳур мекунад) ба хати ҷабин шабоҳате дорад? Чун «Гулҳои бўса бар лаби ранҷидаам биёр», мегўяд, «лаби ранҷида»-ро чӣ хел шарҳ медиҳад ва ба лаб чӣ хел гул овардан мумкин бошад?
«Моли дидор» чӣ маънӣ дорад? «Мезанам пас шишаҳо аз чашми хоб» чӣ? «Фазои кулба» чисту «ҳар субҳи нав аз он дамидани офтоби бениқоб» чӣ?
Рўзноманигору муҳаққиқи шинохта Мирзо Шукурзода мефармояд: «Паси даҳ қарн сомон ёфт Сомон-ш» ва кас шубҳа мекунад, ки огоҳдилу соҳибзавқе чун ў ба тоҷикӣ будани ин ифода бовар дошта бошад. Ё худ, корбурди «Ҳама мастийи мо аз ҳастийи ўст» пас аз лоиқонаи «Мастии мо ҳастии мо буд, на пастии мо» чӣ маъние хоҳад дошт? Оё забони мо калимаҳое дорад, ки решаашон «мастий» ва «пастий» бошад, ки бо пасованди «-и» чунин шаклҳо месозем?
Маҷалла дар ҳар шумора беҳудаву беҳадаф эълон медорад, ки танҳо дар ҳаҷми 200 мисраъ манзума чоп мекунад, вале дар №4 манзумаи бесарунўгеро бо ҳилаи шаръии «Адабиёти халқ» ба чоп расондааст, ки ҳаҷмаш аз ин меъёр шояд даҳ баробар бештар бошад. Гумон меравад, ки масъулини маҷалла зери мафҳуми «Адабиёти халқ» назарногирона навиштаҳои беҳадафу беҷавҳар ва беҷону ҳазёнеро дар назар доранд, вагарна садҳо байти подарҳаворо ба сари хонандаи хушзавқи нашрияи миллӣ бор карданашон натанҳо бемаънӣ, балки таҳқир аст:
Нест ҳоло писарам намозхон,
Ҳаст ў то ёздаҳсола ҷавон...
Гуфт муллое, ки чун хар мемурад,
Аз хар ў балки ки бадтар мемурад…
Ҳаст якто говро афташ ала,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо