МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
Харобии вазнро як тараф мемонему мавқеи гўяндаро мебинем, ки чӣ «харобкор» аст: шитобкори харобкоре, ки чун ҳубоб нақше намегузорад… Меафзоем, ки ҳубоб нақш мегузорад ва вой ба ҳоли муаллиф, ки ҳубобе ҳам несту «ҳубобкор» буданаш маъние надорад.
Ганҷинаи ноёбӣ, бинҳуфта ба вайрона,
Ин ганҷ рабоям гар, аз мор наметарсам.
«Агар ганҷро рабоям (?), аз мор наметарсам» чӣ маънӣ дорад? Дар ин маврид ганҷро намерабоянд, балки меёбанд, кашф мекунанд, ба даст меоранд. Касе, ки ганҷро мерабояд (аз кӣ?), дузд аст, ғосиб аст ва натанҳо аз мор, ки посбони ганҷина ҳисоб мешавад, балки аз касе (ҳатто аз Худо) наметарсад! Ва ганҷро аслан нафаре ба даст меорад (соҳиб мешавад), ки аз мор натарсад ва зикри содалавҳонаи ин нуктаи забонзада заррае шеърият надорад.
Мисоли дигар:
Дер омадаву чӣ зуд рафтӣ,
Оташ задаву чу дуд рафтӣ.
Чист ин? Сирқат? Ё ноогоҳии комил? Ё бедиққатӣ? Ё ба фаромўшӣ супурдани байти олию машҳури ниёи хушсухан:
Эй дербадастомада, бас зуд бирафтӣ,
Оташ задӣ андар ману чун дуд бирафтӣ…
Боз як намуна:
Ҷурме, ки марост, (он) зи бешармии туст,
Шабнамзодам, дилам чу шабнам пок аст.
Хайр, дар масъалаи сатри дуюм ба муаллиф «бовар»
мекунем, чунки даъвои покиву софиву беғашиву ғайраву

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо