Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Онҳо, ки вазифа муфт мегиранд,
Маҷмўи ғубори роҳи тақдиранд….

Баёни ин байт ҳам бесакта нест, сониян «вазифаи муфт» бо «ғубор» чӣ нисбат дорад ва ибораи «маҷмўи ғубор» чӣ маъно?

Гар зиндаанд, аз барои худ зинда,
Миранд агар, барои худ миранд.

Сактаи мисраи аввал равшан аст ва «миранд» хеле нохушоянд буда, ифодаи равон шакли «бимиранд» мехоҳад.
Дар №7 силсилаи муаллифон қатор шудаанд ва таассуроте бармеояд, ки маҷалла ягон шеъровардаро ноумед баргардондан намехоҳад ва ё якбора аз як гурўҳи калони онҳо халос шуданист.
Аз муаллифе аз ин силсила:

Ориф ба кунҷи хилвату обид ба савмаа,
В-он ринди масти гўшаи майхона аз ту маст...
Ҳоҷӣ ба Каъба, ринд ба майхона муғ ба дайр,
Булбул ба боғу чуғз ба вайрона аз ту маст.

Забонзадагиву дилбазании ин ҳарфу суханҳои такрору ҳазорон бор хоидаро сарфи назар карда, пурсидан мехоҳем, ки молу ҳосили кадом асру замон аст ин пораву гўяндаи он ва наход лоиқи «нашрияи миллӣ» бошад?
Дигараш:

Онон, ки чу мо шитобкоранд умре,
Ҳаққо, ки чу мо харобкоранд умре.
Нақше нагузоранд ба монанди ҳубоб,
Зеро ки чу мо ҳубобкоранд умре.

пешина
аз 323
навбатӣ