МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
Ё худ:
Миёни тирагии шаб
Ду чашми шамърангаш пур бувад аз нури бедорӣ,
Зи як сарбози хурди нур тарсад лашкари торӣ…
Дар ин пораи хуб, аз назари мо, калимаву ибораи ишорашуда тасҳеҳ мехоҳанд. Яқин, манзури шоир «чашми чун шамъ», «чашми ҳамсони шамъ» аст, калимаи «шамъранг» бошад, ба ранги чашм ишорат мекунад, ки матлуб нест. Аз ин рў, агар калимаву ибораҳои «ҳамчу шамъаш», «мисли шамъаш» ё «шамъсонаш» корбаст мешуд, рўшании баёну тасвир ва, бешубҳа, маънӣ меафзуд.
Сарбоз, беш аз ин сарбози нур, хурду бузург намешавад, бо хурдии худ ҳам сарбоз аст, дар роҳи рўшанӣ сар мебозад ва хурд сифат карданаш вусъати таъсирро мекоҳад.
Бинобар ин, агар ҷойи «хурд» «хайл» ё чизе шабеҳи он биёяд, шояд маънии манзури шоир амиқтар бишавад.
Дар ин силсила таронае низ ҳаст, ки муҳаббати ҳазоронро ба Ватани кўчаку бузургамон изҳор доштааст.
Дар маҷмўъ шеър мақбул аст, вале дар нақароти он:
Танг дунё баҳри ман, эй Тоҷикистон, бе ту ҳаст,
Олами равшан ба чашмам торикистон бе ту ҳаст
баёни мисраи аввал сохта менамояд, дар сатри дуюм калимаи «торикистон» вазнро шикастааст. Байт хабари «аст» ё «мебошад» мехоҳад, «ҳаст» ба маънии «мавҷуд будан» дар ин ҷо нобарҷо ва маҷбурист. Агар дар назар дошта бошем, ки шеър чун тарона эҷод шудааст ва ин байт нақароти он аст, зарурати равонтар карданаш бармалотар мешавад (дар мисраи сеюми банди аввал «бошад» саҳван ба шакли «бошӣ»
омадааст, ки аз доираи муроҷиати шеър берун аст).

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо