Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Ман ба ҷуз ҷодуи чашмонат намедидам,
Куртаи лас буд ё атлас, ба ёдам нест.

Муҳаммад Ғоиб (№4) шеърҳои тару тозае пешниҳод кардааст, ки аз ҳар сатрашон чун аз кокулони шаршара таровати эҳсоси шоирӣ ва чун аз тораҳои офтоб нури садоқати инсонӣ мешорад. Шоир аз каму костҳои инсонигарӣ, меҳру муҳаббат шоирона мегўяд ва ин таъкиду ғамхориҳои самимона он хислатҳоро ноаён ба хонанда талқину дар вуҷуди ў ҳатман афзун мекунанд.

Дар он манзил ватан меҳр аст дар дил,
Дар ин манзил ватан ҳарфи забон аст.
Дар ин ду олами бо ҳам муқобил
Вафою бевафоӣ ҳукмрон аст…

Бозгўйи хотираҳои ширину аламноки шоир бисёр созанда аст, касро ба суроғи он лаҳзаҳои ба сол дуру ба ҳол қарини ёдҳо мебарад ва, хушбахтона, бисёр рўшан ашъори саҳеҳу муассири тасвирии ба деҳу кўдакиҳо бахшидаи давраи аввали эҷодиёти ўро ёдрас мекунад:

Ҳезум шиканад падар паси девор,
Омода шавад ба нонпазӣ модар.
Додар, ки муаллим аст, мехонад
Дар таътили худ ҳам аз ҳама пуртар.

Шеъри кўтоҳ, ки асари вақти танги шеъргўйии шоиру имкони ками шеърхонии хонанда ҳам бошад, фазову муҳити фарохе барои андеша дорад, имрўз доман паҳн мекунад ва дар ин миён ашъори кўтоҳи Муҳаммад баландовоз аст:
Дар роҳи висол аз интизорӣ мурдам,
Зўрӣ, ки надоштам, зи зорӣ мурдам.

пешина
аз 323
навбатӣ