МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
Воқеан, саҳлангорӣ дар чопи мақолаи хуби устоди шодравон – «Дар боби анъана ва русуми нав» низ, ки соли 1967 навишта шуда бошад ҳам, комилан ба дарди имрўз мехўрад, зоҳир шудааст. Таваҷҷуҳ кунед ба ин дарҳамбарҳамӣ: «…хотираи шахсони бузургро пас аз маргашон дар ҳар даҳ сол панҷоҳ сол ҷашн мегиранд…» (?) Ашъори Фарзона (№3) натанҳо бо шеърият, балки бо назокату нафосати хоси инсониаш ҷолиб аст. Заминаи ошнои шеър, дарку тасвири ҳунармандонаи он ва самимияти баён байту мисраъҳои зиёдеро қарини дили хонанда мекунад:
Гарчи баҳори сархуш бе хайрухуш зи мо рафт,
Эй дил, магўй падруд бо фасли дўстдорӣ.
Чун гул шудан тавонӣ, худро мазан ба хорӣ.
Чанди дигар чашмҳои бесаводи мо
Рўзҳоро медаронад нома-нома.
Табрики ҳама майнаву гунҷишку парасту
Бо марҳалаи тозаи парвоз намудем.
Мутаассифона, дарки сатре душвор намуд ва маълум нашуд, ки ғалати чоп аст ё нуқси баён: «Хуршед сетор асту се маҳ корбаро кард» (?).
Раҳмат Назрӣ (№10) бо сабки хосу шеваи ошнояш эҳсосу маъниҳои бегонаеро манзури мухлисонаш кардааст.
Рўди зоҳиран оромест шеъри ў, ки туғёну тўфонҳо дар дил дорад:
Аз палаки ҷабини хеш мошубиринҷ абрувон
Нима сафед мебарам, нима сиёҳ мебарам.
Боли ман ин ҷаҳон шикаст, лек биболамаш ҳанўз,
Пар-пар агар маро кунад, пар ба кулоҳ мебарам!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо