МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
СОЯРЎШАНҲОИ
ЯК СОЛИ НАШРИЯИ МИЛЛӢ
Соли 2011 шумораҳои маҷаллаи адабии «Садои
Шарқ» дар ҳаҷми пурра ва саривақт чоп шуданд, ки албатта, як далели ҷидду ҷаҳд ва заҳматҳои кормандони он аст. Вале ҷиҳати муҳимтар сатҳу савия ва сифати маводди маҷалла аст, ки зикри комёбиву нокомиашон бо мисолҳо, ба фикри мо, танҳо ба манфиати кор хоҳад буд.
Дар ҷаласаи хоси муҳокимаи шумораҳои яксолаи «Садои Шарқ» зикр шуд, ки дар соли гузашта ашъори 48 шоир ба табъ расидааст. Бояд гуфт, ки шумора ҳаргиз далели сифат нест ва дар ин маврид ҳам ба андеша водор мекунад.
Ҳама ёд дорем, ки дар замони авҷи эътибори маҷалла дар як сол зиёди зиёд ашъори тозаи 12 шоир (дар ҳар шумора аз як нафар) чоп мешуд, ки аксаран падидаи адабиёт буданд ва то имрўз вирди забонҳову зеби баёзҳоянд. Оё имрўз ин меъёр ақаллан мавриди назар ҳаст?
Беҳтарин шеърҳои соли гузаштаи маҷалла боз ҳам моли ҳамон шоиронест, ки бори сифати дирўзу имрўзи назми муосирро бар дўш доштанду доранд. Аз ҷумла, дар шумораи 5 ба муносибати 70-солагии Лоиқ Шералӣ намунаҳои ашъори ҷовидонааш ба табъ расидаанд. Мутаассифона, боз ҳам натавонистаем ин ганҷи шойгони пурбаҳоро, тавре ки мебояд, «бо зевари табъ биороем». Ду мисол:
Якпорагишро ҳамекардам орзу, дареғ, (?)
Бар пора-пора пайкари миллат гиристам.
Ва:
Агарчи ташна мемирӣ, вале аз табъи дарёят
Ҳазорон даст (?) шуд гулошён, эй дил, ҳалолат бод!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо