МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
Чанд даҳсола инҷониб ва имрўз ҳам сару садоҳои гузаштан ба алифбои ниёгон зиёд баланд мешаванд ва ҳамзамон, зимни ин даъвоҳои дар асл барҷо марази ғалатхонӣ, ки яке аз дардҳои бедавои матншиносии мост, тақрибан ба ҳама чопҳои осори классикон ва ҳамзабонони муосир реша давонда, матнҳоро хароб ва дарку фаҳми хонандагонро беш аз пеш бепоятару безаминатар мекунад. Аз назари мо, иллати аслии ин ҳоли таассуфбор дурии рўзафзун аз донишҳои суннатист, ки бо алифбои ниёгон ифода шудаанд. Алифбои суннатии мо маънохонист, на суратхонӣ ва касе, ки алифбои суннатии форсиву тоҷикиро ба ҳадди кифоя бидонад ва дар ин замина аз саводу дониши лозим бархўрдор бошад, ҳаргиз ба чунин иштибоҳоти нобахшиданӣ роҳ намедиҳад. Мутаассифона, бар асари заъфи ҳам алифбодонӣ ва ҳам дарки маъно аксари масъулин ба матни осори баргардоншуда аз диди суратхонӣ менигаранд, на бо чашму дили маънохонӣ ва ба таносуби маъноии матн ҳеҷ таваҷҷуҳ намекунанд. Вахомати ин дурии рўзафзун аз алифбои ниёгон, ки натиҷаҳои мусибатбораш имрўз ҳам рўшан аст, бо мурури замон бештару бештар мегардад ва агар масъулини ин кор, баробари талоши батадриҷ ҷиҳати афзудани корбасти алифбои ниёгон, сатҳи донишу фаҳмиши аввал хеш ва баъд ҷомеаро дар ин замина боло набаранд, сару садояшон барҳақ даъвои бепоя мондан мегирад.
Ин кор аз ҷониби баргардонандагони матни китоби мавриди назар ҳам, ки номҳояшон зикр нашуда, ҳамин гуна бисёр ноогоҳонаву бемасъулиятона анҷом ёфта, кори веростору муҳаррир, ки номашон дар аввал ҷилва мекунад, аслан сурат нагирифтааст. Ва тасаввур мешавад, ки маводди ба офаридаи зебои заргар шабеҳи маҷмўа барои нусхабардорӣ ба оҳангар супурда ва ё таронаи дилошўби булбул бо ҳанҷараи зоғ суруда шудааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо