Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

ки ишколаш ҳамоно ноогоҳӣ ва аз пайи нуқот рафтани котибони ҳуруфи русист. Ҳамин зоҳирнигарӣ боис шудааст, ки ҳатто номҳои вирдизабоние дар суратҳое булаҷабу номатлуб рўйи сафҳа биёянд: «Шомлуи Сипеҳрӣ» – «یرهپس ولماش»
(саҳеҳаш – Шомлу, Сипеҳрӣ), «Пул Молвӣ Орогон» – « لوپ ناگارآ یولام» (саҳеҳаш - Пул Мо, Луи Орогон), «Сапедаи Сомонӣ» (Кошонӣ), «Орифона» («Орифнома»), «Мирзода Ошиқ» (Ишқӣ).
Чунон ки зикр шуд, маҷмўа ашъори шаст шоирро фароҳам оварда, ки аксар шоҳкориҳои шеъри муосири Эронанд. Мутаассифона, инро нисбат ба як қисми ашъори бахши вопасини китоб гуфтан душвор аст ва ин заъфро навиштаҳои муаллифи охирин (веростори китоб), ки ишколи мухталифашон ва бар ин китоб илҳоқӣ буданашон бармалост, ба авҷ расондааст.
Дар охир зикри боз як нуктаро лозим медонем. Дар қисмати таҳқиқотии китоб калимаҳои бешумори арабӣ истифода шудаанд, ки агар каме аз онҳо (шуаро, кутуб, интишор, тавсеа, муоҳида, авзоъ, таҷоруб…) серистифодаву фаҳмо бошад, аксаран (муравваҷ, мутааддад (саҳеҳаш мутааддид), маворис, маноеъ, мунъақид, ғаромат, муғоир, мароҷеъ, шатм, масмум, қалъу қамъ, раъб (саҳеҳаш руъб), сутўҳ, мавозин, маъойир, абъод, иртиқо, мабонӣ, мувозот, истимрор, инзиво, ибтило, эъмол, муътаризӣ, муҳтотона, мултазам, муатааҳҳид (мутааҳҳид), эътисобот, маътуф, муқорин, аъёд, тард, нафй, аъм, ахас, ҳод, мутасовӣ, мусталзим, руъият (руъят?), халса (хулса?), маҷомеъ, мутаҷаддид, накбат, мутаариз (мутаарриз), таъолӣ, беъсат (биъсат?), сабға, сайёлият, мулҳим, туллоб, шуҳудҳо (?), табъа, тасбит, маътуф…) ҳатто дар батни матн номафҳум ё норўшан буда, таъсиру файзи китоберо, ки барои завқу роҳати умум аст, мекоҳанд. Агар истифодаи чунин калимаҳо зиёд ногузир бошад, ки ҷойи шубҳа аст, ақаллан шарҳашон лозим менамояд.

пешина
аз 323
навбатӣ