Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

гон дар шинохти рақамҳо низ «маҳорат» нишон дода, «1922»
(۲۲۱۱)-ро «1933» (۲۲۱۱) хондаанд. Хонандаи ноогоҳ аз ифодаи иқтибос таассуроте ҳосил мекунад, ки фирори Лоҳутӣ ба чанд кишвар будааст, ҳол он ки ў ҳамагӣ як марзи сиёсӣ – Эрону Иттиҳоди Шўравиро убур карда буд ва дар он кишвари ягона дигар ҳар ҷо, ки мерафт, ихтиёр дошт. Сониян, аз Қафқоз ба Тоҷикистон не, ба пойтахти Иттиҳоди Шўравӣ (пойтахти Русия ҳам, ки як ҷумҳурии он Иттиҳод буд) рафт ва сипас, «соли 1925 Тоҷикистонро ватани сонӣ хонд»
(«Офтоби сурх», ба хати форсӣ, Маскав, нашриёти «Радуга», 1987, саҳ. 13). Дар ин ҷо машғули корҳои гуногун буд, вале ягон сарчашма устоди донишкадаҳои шарқшиносӣ (?) ва корманди Вазорати фарҳанги Тоҷикистон (ки чанд даҳсола баъд таъсис ёфт) буданашро зикр накардаанд. Санаи вафоти шоир ҳам на 1959, балки, тибқи ҳамаи сарчашмаҳо, аз ҷумла ду китоби мазкур, 16 марти соли 1957 аст.
Дар бораи Фурўғи Фаррухзод дар Тоҷикистон ҳам мавод кам нест ва дар ҳамаи онҳо таваллудаш 1935, вафоташ 1967 зикр шуда. Бинобар ин, санаҳои китоби мавриди баррасӣ – 1934–1966 камаш боиси тааҷҷуби хонандаи тоҷик мешавад.
«Фурўғи Фаррухзод дар 15 даймоҳи 1313 дар Теҳрон чашм ба дунё кушуд, ки дунёи ў набуд» – мехонем дар оғози мақолаи Беҳрўз Ҷалолӣ «Фурўғ дар қаламрави шеъру зиндагӣ» (девони зикршудаи шоира, саҳ. 10) ва аз поёни ҳамон навишта мефаҳмем, ки «дар соати 3 баъд аз зуҳри душанбеи 24 баҳмани 1345», бар асари тасодуфи мошинаш бо мошине, ки бачаҳои дабистонро мебурд, аз олам даргузаштааст. Яъне, санаҳои қаблии сарчашмаҳои тоҷикӣ саҳеҳанд. Номи яке аз маҷмўаҳои машҳури Фурўғ «Таваллуде дигар» (девони мазкур, саҳ. 4, 34 ва ғайра) ҳам дар ин китоб ба тарзҳои гуногун
– «Таваллуди дигар», ҳатто «Дар тавлиди дигар» омадааст, ки хонандаро ба иштибоҳ меандозад.
Воқеан, маҷмўаи Исмоили Хўӣ ҳам ҷое «З-он раҳравони дарё» зикр мешаваду ҷое – «З-он раҳварони дарё», тахаллуси Нимо гоҳ Юшиҷ, гоҳ Юшич, ҷое «Мак-Нис», ҷое «Мак Найс»,

пешина
аз 323
навбатӣ