МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
муосири форсӣ мавриди баҳсу хулоса қарор гирифтаанд, ки низ дар мавриди мавқеъгирии аҳли тадқиқ омўзанда аст.
Дар таҳқиқи ҳаёту эҷоди дигар шоирон низ мулоҳизаҳои алоҳидаеро метавон зикр намуд, ки ному мақоми ҳар якеро амиқу аниқ муайян мекунад. Масалан: «Шахсияти шоиронаи Деҳхудо ғолибан таҳтушшуои адибона ва муҳаққиқонаи ў қарор дорад». Ё худ, дар мавриди Фаридуни Таваллулӣ, ки сабки мустақилаш бештар реша дар суннат ҳамроҳ бо навоварӣ дорад. Ё худ, нуктаҳое, ки дар вижагиҳо ва хусусиятҳои шеъри Маҳдии Ахавони Солис ва табиати ашъори Суҳроби Сипеҳрӣ зикр шудаанд. Ё худ, тазаккури он ки аз ҷумлаи вижагиҳои осори Симини Беҳбаҳонӣ дамидани фазо ва рўҳи замон ба пайкари ғазал аст.
Мутаассифона, ғалатҳои фаровон дар баргардон ҳусни ин қисматро ҳам костаанд. Масалан, ҷое омадааст, ки «…шуаро… қуллаҳоеро фатҳ карданд, чунон ки Хайём қуллаи рубоиро…». Баъд аз як ҷумла боз меояд: «Ва Хайём низ қуллаи рубоиро фатҳ кард». Дар ҷойи дигар мехонем: «…бо амри Ризошоҳ дар соли 1925… Ишқиро террор карда, ба қатл расонданд». Дар анҷоми он пора боз омадааст: «Ишқӣ дар соли 1925 ба шаҳодат расид».
Мисоли дигар: «…дар соли 1933… ба шикаст мувоҷеҳ шуд. Дар натиҷа Лоҳутӣ ба Қафқоз ва аз он ҷо ба Тоҷикистон гурехт ва то охари умр дар Русия мондагор шуд… ба муносибати муҳимме назири устодӣ дар донишкадаҳои шарқшиносӣ ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон расид... Вай дар соли 1959 дар Русия даргузашт…». Дар ин пора чанд носаҳеҳӣ роҳ ёфтааст. Аввалан, тавре ки маълум аст, ба истилоҳ «шўриши Лоҳутихон» охири соли 1921 шикаст хўрд ва сарвари он бо як гурўҳ ҳамсангарҳояш соли 1922 «ба Тоҷикистон» не, ба Иттиҳоди Шўравӣ фирор кард. Ин санаро сарчашмаҳои зиёди муътамад, аз ҷумла «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» (Душанбе, 1989, саҳ. 108) «аввали сол» ва тазкираи «Адибони Тоҷикистон» (Д., «Адиб», 2003, саҳ. 15) дақиқтар – «моҳи феврал» гуфтаанд ва шубҳае нест, ки баргардонанда-

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо