МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
ашъор»-и Симини Беҳбаҳонӣ (Теҳрон, интишороти «Нигоҳ», саҳ. 314) бе мушкил дармеёбем, ки (هکراید هب) «ба диёр кай» не, «ба диёри кӣ», (کشداییزوس) «ёди шакисўз» не, «ёди шикебсўз» (шикеб – сабру тоқат, орому қарор), «атрии бистр» не, «атри бистар» ва «оромид»-и қофия «орамид» аст.
Дар ин чанд мисоли охир аён мебинем, ки омехтани вожаву ибораву ҷумлаҳои ҳамсавти гуногунсурат муаммои дигарест дар «форсидониву форсихонии» мо.
Зоҳирнигарӣ ба ҳаддест, ки масъулони матн бар одитарин маънӣ наандешида, «рав» (ور)-ро «рў» (ور) хондаанд:
Гуфтамаш: – Бо Саъдии ширинсухан
Рў ба сўйи «Бўстон» бо дўстон.
Ё дар ин сатр, ки вожаи «мурғ» ва қофияи шеър пар (رپ) мехоҳад, на «пур» (رُپ): «Шаб он шаб аст, эй гулуи захмӣ, ки мурғи оҳ аз ту пур бигирад…». Ё худ: «Нишоне кўйӣ растагорро ба гарди соқӣ нишастагонро…». Риояи ин вазни дар ҳақиқат мураккаб кофист, ки «Нишоне» «Нишонии», «кўйӣ»
«кўй», «растагорро», ҳам ба тақозои вазн ва ҳам бинобар қофияи дохилӣ буданаш бо «нишастагонро» («ار ناگتسشن»), «растагонро» («ار ناگتسر») хонда шаванд ва боз ҳикояти «санги осиё дар мушт» ба хотир биёяд, ки «растагон» «ба гарди («درگ») соқӣ» не, «ба гирди («درگ») соқӣ» менишинанд.
Ҳусни аёни китоби мазкур қисмати таҳқиқотии он, яъне руҷўъ ва пешгуфторҳоеанд, ки оид ба давраҳои гуногуни шеъри муосири Эрон ва намояндагони мушаххаси он таълиф шудаанд. Доктор Шеърдўст рухдодҳову санадҳои зиёдеро мавриди баррасӣ қарор додааст, ки бархе барои хонандаи тоҷик тозаанд. Бисёр шоирон, бахусус Мирзода Ишқӣ, Фаридун Муширӣ, Маҳдии Ҳамидии Шерозӣ, Симини Беҳбаҳонӣ, Сиёвуши Касроӣ, Нодири Нодирпур, Нусрат Раҳмонӣ, Ҳушанг Ибтиҳоҷи Соя, Манучеҳри Оташӣ, Шафеии Кадканӣ, Ҳамиди Мусаддиқ, Исмоили Хўӣ дақиқу мушаххас, аз нигоҳи ҳунару мақомашон дар шеъри

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо