МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Сухан аз кўҳи Тўр (روط) меравад, ки нури Худо муҷаллош карда буд ва ҳамон ҷилои ҳақ бояд раҳнамуни дурустнависӣ мешуд.
Рақсиду ба ҳамроҳи сабо тара барафшонд,
Гуфтӣ, ки чу мо бед зи ошуфтасарон буд.
Ин байт ҳам ҷузъҳои сахт мутаносибе (рақсидан, сабо, барафшондан, бед, ошуфтасарон) дорад, ки набояд ба чунин парешониаш роҳ медоданд. Аммо чист илоҷ, ки натанҳо ин рукни ободдори шеърро намешиносанду риоят намекунанд, балки маълум мешавад, ки ҳуруфи ҳамсавту гуногуншакли алифбои форсиро ҳам намешиносанд. Ҳамроҳи сабо рақсидану чун бед зи ошуфтасарон будан, бахусус вожаи ошуфтасарон ишораи рўшану мушаххас доранд, ки калимаи ишорашудаи нобарҷову барҳамзанандаи вазну маънии мисраи аввал, ки «эронидонҳои» мо «тара» (هرت), яъне сабзаҷоти хуриш пиндоштаанд, «турра» (هرط), яъне зулф аст. Зулфи бед, ки ҳангоми рақс аз боди сабо афшон шуда, шоиру ошиқи ошуфтасарро ба хотир меорад.
Дар сатри зерин ҳам асари зоҳирхониву ба маънӣ наандешидан ҳувайдост: «Имшаберо, к-аз май, пиндорӣ, маст уфтодаем…». Вагарна ибораи маъруфи «майи пиндор» ( یم رادنپ) ба ҳеҷ ваҷҳ набояд садди роҳи дарку сабти саҳеҳи сатр бишавад. Ҳамчунон ки дар ғазали дигар ибораи «махмали бедорхобӣ» (یباوخرادیب لمخم) «махмали бедору хобе» (یباوخ ورادیب لمخم) хонда шудааст.
Баргў, Худойро, ба диёр кай медамад,
Он субҳи козибе, ки ба шомам дамиду рафт.
Ёди шакисўзи ту, эй ошно, шабе,
Дар мавҷи атрии бистри ман оромиду рафт.
Ягона илоҷи аз ин муаммои сарбастаи баргардонкунандагони матн растан ба асл рў овардан аст ва аз «Маҷмўаи

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо