Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Айнӣ, «сармояашон фақат шавқу муҳаббат ва хулуси ният буд», афзуд.
«…чун мактабу мадрасаҳои батартиб дар миёни аҳолӣ шуюъ ёфтан гирифт, – тақрибан ҳамон вақтҳо навишта буд устод Айнӣ, – талаба ва авлиёи атфол аз мактабу мадрасаҳои куҳна нафрат пайдо карданд. Дар маҳофилу маҷолис мадҳу санои мактабҳои навро мекарданд, далелашонро, ки иборат аз манфиат бурдани бисёр дар фурсати андак бошад, мушоҳаду маҳсус буд, касе инкор карда наметавонист». Худи устод яке аз мубаллиғони содиқи мактаби нав буд. Натанҳо китобу раҳнамоҳои таълим менавишту тарҷума мекард ва сабақ ҳам медод, балки фаъолона дар ҳар маврид мардумро ба равиши тозаи таълиму тарбия ҷалб менамуд. «Устод Садриддин Айнӣ дар Қарокўл меҳмони падарам шуда… падарамро ба кушодани мактаби нави ҷадидӣ ташвиқ карда, бовар кунониданд, ки агар моро (писаронашонро) дар мактаби нав хононанд, дар андак муддат бо хатту савод гашта, соҳиби илму маърифат мешавем, – овардааст дар хотираҳояш устод Ҷалол Икромӣ. – Падарам ба гапи он кас бовар кард ва мактаби ҷадидӣ кушод… Айнӣ… гуфта буд, ки муаллим ёфта фиристоданаш ба зиммаи вай аст… Муаллим моро намезад, ҷанг намекард, бо суханони мулоим фаҳмонда медод ва мо шод будем, ки аз мактаби куҳна, аз азобу кулфати он ба осонӣ халос шудем».
Рўҳониёни заминиву воқеъбини аморат низ ба ин дастовард тан доданд, ҳатто Бақохоҷаи қозикалон, дастпарварони мактаби Мирзо Абдулвоҳиди Мунзимро имтиҳон карда, ҳукм намуд: «Ба ин равиш танзим ёфтани макотиби исломияро лозим ва воҷиб медонам».

пешина
аз 323
навбатӣ