МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Моему синае, ки бувад ошёни оҳ,
Моему синае, ки бувад ошнои ашк.
Чандон аз андеша мондаем, ки таносубҳои одитаринро дарку эҳсос намекунем, вагарна дар ин байти Раҳии Муъаййирӣ («муъаййир – миқёсгиранда, иёргар, касе, ки иёри пулро бисанҷад…» – «Фарҳанги Амид», нашри мазкур, саҳ.
1141) синаро, ки воқеан «ошёни оҳ» аст, «ошнои ашк» ҳам намегуфтем ва бо гўшаи дида ба «Куллиёт»-и шоир (Теҳрон, 1383, саҳ. 93) медидем, ки «сина»-и дуюм «дида» аст. Ҳамчунон ки унвони ғазали дигар чунин бемантиқ – «Кўи Майфурўш, май фурўш» (?) не, одию барҷо – «Кўйи майфурўш»
зикр шудааст (саҳ. 210).
Набуд аз ту гузире чунин, ки бо рағми дил
Зи дасти шиква гирифтам, ба дўш нола кашидам.
«Бо рағми дил» - « لد مغر اب»? Бигирем, ки ҳадаф «рағм» аст, вале чаро дар чунин таркиби хароб? Магар саҳеҳаш «ба (бар) рағми…» ё «алорағми…» нест? Барои чӣ «ба рағми … дили бечора»? «Кашидам» – мегўяд шоир, аммо ку дар байт он чизе, ки ў кашидааст? Бешак, «бори ғами дил»
(«لد مغ راب»), ки шоир аз дасти шиква гирифтаву ба дўши нола (на «дўш нола»!) кашидааст.
Мутолиаи ҳарфакӣ (маъзарат, ибораи дигар чунин дарҳам-барҳамиро ифода карда наметавонад!) ин пораву сатру байтҳои зеборо чӣ берангу мавҳум ва дастнорасу дилнорас кардааст:
Кунун ман астаму дамсарде хазон афсун,
Ки арғувон маро гунаи зарир нишаст.
Зи рашк ҳар нафасам дар хаёли ташвише
Даромаду басарро пардаи замир нишаст…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо