Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Аммо ин ҷо чӣ? –

Ҷуз хиштам нест паноҳе, ки дар ин баҳр
Гирдоби нафас бохтаам, соҳили хешам.

Асли «хиштам»-ро дарёфтан воқеан «ба рўйи дарёҳо хишт задан» аст! (Албатта, метавон тахмин кард, ки он «хештанам», ибораи ишорашудаи мисраи дуюм як калимаи мураккаб будагист, вале шеъри асил чистону муаммо нест, ки кораш ба тахмину гумон бикашад!) Ноогоҳии комили баргардонкунандагону масъулони беғалатии китоб натанҳо аз мантиқу таносуб, балки аз содатарин рукнҳои шеър боиси хароб бардоштани сатру байту пора ва ҳатто шеърҳои пурра шудааст. Ва шигифтангез он аст, ки чунин ҳолат натанҳо дар ашъори модерн, балки дар шеърҳои равону аслан халалнопазири суннатӣ ҳам зиёд рух дода.

Саранҷом он ду бозуи ҳунарманд
Зи куштан хаста шуду зи кор вомонд.

Ё:

Зи ошноии мо умрҳо гузашту ҳанўз
Ба дидаи миннат он ҷилваи нахустин аст.
Ба равшанон чӣ барӣ шукўҳ аз сиёҳии бахт,
Ки ахтари фалакӣ низ чун ту мискин аст.

Аз чунин мисолҳо боз сафҳа-сафҳа метавон овард.
Агар дар байти аввал эҳсос накардани вазн боиси «шуд ваз» (زاو دش)-ро «шуду зи» (ز ودش) хондан шуда бошад, дар ду байти охир натанҳо вазн, балки мантиқи одиро зери по кардан боиси табдили вожаҳои ҳамсон – «تنم» - «манат» (миннат) ва «هوکش» - «шукўҳ» (шиква) гаштааст. Ва дар ҳар ду ҳолат ҳам дарк нашудани забони зебову эҳсос нагаштани назокатҳои хати андешаталабу мантиқхоҳи ниёгон бармалост.

пешина
аз 323
навбатӣ