МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
болои ҳарфи охирини калимаи «оина» - «ةنیآ» аломате рўшан аст, ки ба нораҳгумӣ раҳнамоӣ мекунад. Дигар ноқисиҳои баргардонро муқоиса бо китоби мазкур ё ақаллан бо маҷмўаи «Замин» (Душанбе, нашриёти «Ирфон», 1978) осон бартараф карда метавонист.
Исмоили Хўӣ байти тасвирии хаёлангезе дорад. Баргардонандагони матн ибораи «В-аз худ» (دوخ زاو)-ро «Вар худ» (دوخ راو) хонда, болу пари ин байти баландпарвозро шикастаанд:
В-аз худ ба болҳои набудан чу шабнаме
То гулбуни шукуфтаи хуршед меравам.
Дар баргардони ашъори зебои Шафеии Кадканӣ ҳам ғалатҳое содир шуда, ки бо ёрии вазну қофия аслашонро метавон пай бурд ва ҳам ғалатҳое, ки танҳо ба тахмину гумон маъние метавон баровард.
Ба ҷон ҷўшам, ки ҷўйи ту бошам,
Хасе бар мавҷи дарёи ту бошам.
Ва ё:
Дар ин замонаи усрат
Ба шоирони замон барги рухсатӣ доданд,
Ки аз маъшуқаи сарву қумриву лола
Сурудҳои бисароянд жарфтар аз хоб…
Аён аст, ки «ҷўйи» «ҷўёи», «маъшуқаи» «муошақаи», «сурудҳои» «сурудҳо»-ст.
Ҳатто ин «тилисми» баргардонандагонро бо калиди мантиқ метавон кушод: «Забони шикваи хоро зи тан насим гузашт». Чун аз ибораи ишорашуда маъние берун намеояд, онро ба ҳуруфи асл менависему бароҳат аслашро мехонем:
«میسن نت زاراخ» - «хор аз тани насим».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо