МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
заррае мутаассир намешавад, ба фикру андеша қодир нест, балки тибқи барномаи хеш зоҳири ҳуруфро рўйи коғаз мерезаду вазифаашро анҷомёфта медонад. Ва ё ғайритоҷике, ки акнун зоҳири вожаҳоро аз худ кардаву ҳеҷ ба фаҳму дарки онҳо намеравад. Вагарна судури чунин ғалатҳои аён дар доираи ақл намегунҷад.
Афтодаам чу моҳии дарёву ҳар замон
Гоҳе ба қаср месипарам роҳу гаҳ ба авҷ.
«Моҳӣ»-ро чӣ нисбате ба «қаср»? «Қаср»-ро ба «дарё»- ву «авҷ» чӣ? Оё аз қатор кардани калимоти берабту гусаста шеър ҳосил мешавад? Сухан аз моҳиву дарёст, пас мутаносиби онҳо, баробари «авҷ», оё «қаър» нест?
Бигирем, ки ин ҷо ҳам шабоҳати ҳуруф (رعق- رصق) боис шуда, вале «нафитода» ба «натофта» (هداتفن- هتفاتن) чандон шабеҳ нест, ки омехтанашон мумкин бошад:
Ҳаргиз бар ў нафитода хуршеди нимрўз,
Ҳаргиз бар ў нафитода маҳтоби шомгоҳ.
Иштибоҳот дар ашъоре ҳам фаровон рух дода, ки аслан ягон печидагиву мавҳумбаёниву рамзу рози пўшида надоранд.
Масалан, дар ашъори нобу рўшани Ҳушанг Ибтиҳоҷи Соя.
Гар чашми дил бар он меҳи ойина рў кунӣ,
Сайри ҷаҳон дар ойина рўйи ў кунӣ.
Маънии ин «байти оинаҳо» чун оина рўшан аст: «меҳ» ба «ойина» бенисбат ва, аз ин рў, бояд «маҳ» бошад, «ойина рў»
маънӣ надорад, рўшаниву таровату зебоии «ойинарў»-ро бингаред ва, ниҳоят, сайри ҷаҳон дар куҷо имконпазир аст? – бешак, «дар ойинаи рў». Дар маҷмўаи ашъори шоир «Сиёҳмашк» (Теҳрон, интишороти «Корнома», 1378, саҳ. 51)

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо