Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Зи як тарона ба худ диранги ҷовидон назанад
Диле, ки чун дили ман ранҷи ҷовидонаш нест.

Дар пораи зерин ҷузъҳои муҳимме (бикшой, анбўҳ, сиёҳ, чашм) ба «мижгон» ишора доранд, аммо зоҳирнигар ин ишораи рўшанро ҳеҷ намебинаду менигорад:

Як нафас бикшой,
Ҷангали анбўҳи муждагони сиёҳатро,
То билағзад дар булўри биркаи чашми кабуди ту…

Ҳамин зоҳирнигариву зоҳирнигорист, ки «парешон»
(ناشیرپ) «пурешон» (ناشیرُپ), «валишиносон»
(ناسانشیلو) «вале шиносон» (ناسانش یلو), «шарза»
(هزرش) «шарзеҳ» (هزرش), «буъдӣ» (یدعب) «баъдӣ» (یدعب), «тард» (درط) «турд», «палашт» «пилишт», «з-инҳо» «зи инҳо», «дастрасе» «дастрасӣ», «сару» (ورس) «сарв» (ورس), «шатти ҳавас» «шатаи ҳавас», «беҳ» «ба», «войи ман» «вой, ман», «рўишҳо» «равишҳо», «ба пиндор» (رادنپ هب) «бипиндор» (رادنپب), «дари руст» (تسر رد) «дар раст» ( رد تسر), «мекашад» (دشکیم) «мекушад» (دشکیم), «бо дигарон» (نارگداب) «боди гарон» (نارگ داب), «хум» (مخ) «хам» (مخ), «раҳварон» (ناروهر) «раҳравон» (ناورهر), «баҳори талхманиш» (شنمخلت راهب) «баҳоро, талх маншин» (نشنم خلت اراهب), «гардиданд» (دندیدرگ) «гаравиданд» (دندیورگ), «об» (بآ) «он» (نآ), «тар» (رت) «ту»
(وت), «силеҳ» «салеҳ», «в-инак» (کنیاو) «ва нек» (کین و), «онак» (کنآ) «он-к» (آکن), «пурранге» (یگنرپ) «паранге»
(یگنرپ), «зи атри» «з-атри», «маҳ» «меҳ», «тарфанд»
(دنفرت) «турфанд» китобат шудаанд.
Кас ба андешае меравад, ки гўё бознависии китобро ба хати русӣ компутер анҷом дода бошад. Компутере, ки заррае табиати забонро эҳсос намекунад, нафаси гарми шеъру шоирро намешунавад, аз ин суханони баланду зебо

пешина
аз 323
навбатӣ