МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
ин назора бояд «ба ёди сиёҳӣ» (یهایس دایب) бошад? На рамзест ону на розе ва на дар шеър нақше дорад. Бешубҳа, масъала содатар аст: шоир мехоҳад дилаш биёяду сиёҳии шабро нигоҳ кунад, яъне, «Эй дил, биё, сиёҳии шабро нигоҳ кун…» - نک هاگن اربش یهایس ایب لد یا. Дар сатри сонӣ бошад, бешак, ҷузъу таносуби дигари рўшани шаб – Зуҳра аст, ки аз адами андешаву риояи мутаносибии зуҳранашиносони шеър заҳраи чеҳранамоиаш намонда…
Воқеан, таносуб омили бисёр муҳимми шеър аст ва як риояи он нахоҳад гузошт, ки ҳарфу ҳиҷои шеър чун дурдонаҳо аз ҳам бирезанду раҳ ба сўйи парешонию ҳазён бибаранд. Таваҷҷуҳ кунед ба ин байт:
Ҳеҷ ҳайвоне ба ҳайвоне намедорад раво,
Ончи ин номардон бо ҷони инсон мекунанд.
Агар манзури шоир дар сатри дуюм «номардон» мебуд, дар мисраи аввал аз «ҳайвон» не, аз «мардӣ» ё «мардон» мегуфт. Азбаски чунин нагуфта, чӣ ҷойи шубҳа, ки «номардон» (نادرمان) «номардумон» (نامدرمان) аст ва тазоди он – «инсон» ҳам ба ин рўшан далолат мекунад.
Зоҳирнигариву зоҳирнигорӣ иллати асосие будааст, ки нигорандагони ба хати русиро аз иштибоҳ ба иштибоҳ бурдааст.
Андаке андеша кофист, ки соя надоштани «мужда» ба фаҳмат бирасад, вале ку ҳамон андеша, чун зоҳири матнро рўбардор кардан осонтар аст: «Дар зери сояи муждаат хобам орзуст…»
«Сояи мижа», «сояи мижгон» зиёд маъруфанд ва «хоб» ҳам далолат мекунад, ки ҷузъи муҳимми ин сатри хаёливу хаёлангез «сояи мижаат» аст (таваҷҷуҳ шавад ба монандии вожаҳо:
«هدژم تا» («муждаат») – «هژم تا» («мижаат») ва мавриди назар бошад ҳангоми бошитоб навиштан ба матн афтодани «доле» тасодуфӣ ё хате шабеҳи он).
Дар байти зерин низ, ҳамон «дол»-и дайду бар асари шитоби хома нобарҷо бар аввали «ранг» (گنر- گنرد) афтода, ранг аз рухи байт бурдааст:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо