МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
маъние берун биёрем: لیودنگرپ هاچ - чоҳи пурганд вел, яъне, саратро ба чоҳи пурганди (бадбўйи) шаб нахалон, ки дашном мешунавию бас!
Дар шеъри аввали Фаридуни Муширӣ мисрае ба ин сурат омада: «Он беситораам, ки уқобам намепарад!». Бознависони матн фиреби таносуби зоҳир хўрда, ки уқоб ҳаст, пас бояд паридан бошад. Лекин дар саросари ин шеъри зебо радиф «намебарад» аст ва, агар инро ҳам надидаанд, бояд ба банди боло мутаваҷҷеҳ мешуданд, ки «Ҳон, эй уқоби ишқ… Он ҷо бубар маро, ки шаробам намебарад!».
Дар шеъри «Кўча» манзараи маҳтобшабу ёду хаёлу руъёҳо бисёр равон ба тасвир омада ва ногоҳ ба ин сактаи фоҳиш дучор мешавем:
Шабу саҳару гилу санг –
Ҳама дил дода ба овози шабоҳанг.
Аввалан, вазн осеб дида ва ҳамин далели ғалат рўбардор шудани нахустмисраъ кофист. Сониян, сухан, чунон ки гуфтем, аз шабу руъёҳост, «саҳар» (رحس) ин ҷо чӣ кор мекунад? Созгори табиату муҳиту рўҳияи шеър мисраъро метавон дуруст хонд: «Шабаҳу сеҳру (رحس) гилу санг…»
(Шояд «Шабаву сахра, гилу санг...» ҳам бошад («шаба» – навъе санги дурахшон, ки дар сохтани ранг ба кор меравад), чун «сеҳр» ҳам мисли «саҳар» ин ҷо номутаносиб менамояд).
Ғазали баъдина ҳам аз хатохониҳо эмин намонда, аммо бештар мақтаи хоси он осеб дидааст:
Эй дил, ба ёди сиёҳӣ шабро нигоҳ кун,
Дар ашки гарми заҳра бубин… ёди моҳ кун.
Боз ҳамон гап: вазни хароби мисраи аввал бо забони ҳол мегўяд, ки он ба хати русӣ нодуруст китобат шудааст.
Шоир дилашро ба назораи шаб мехонад, аммо барои чӣ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо