Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Маҳтоб борҳо ба сарошеби ҷилгаҳо
Бар гардани ситабраш печид шамоли зард.

Чунон ки дар маҷмўаи «Аз Нимо то баъд» (ба интихоби Фурўғи Фаррухзод, Теҳрон, «Марворид», 1369, саҳ. 183) омада, саҳеҳи «шамоли зард» (درز لامش) «шоли зард»
(درز لاش) мебошад ва бо як ҷилваи хома афзудани «мим»-е ба вожаҳое чун «шол» бисёр рух додаву боиси иштибоҳи зоҳирбинон шудааст.

Асби сафеди саркаш
Бар соҳиби нишаста кушудааст ёли хашм…

Албатта, «кушудааст» бояд «кушудаст» бошад, лекин манзури мо дигар аст – дар маҷмўаи мураттабкардаи Фурўғ (саҳ. 174) ба ҷойи «соҳиб» «рокиб» омадааст, ки аслитар менамояд.

Асби сафеди ваҳшӣ!
Бигузор дар тавилаи пиндори сарди хеш
Сар бо бухури ганди ҳавасҳо, биё, кунам.

Боз ҳам, албатта, «бигузор» бояд «бигзор» бошад, вале чаро «биё, кунам»? Шубҳае нест, ки он «биёканам» (биоканам) (منکایب) ё «биёганам» (биоганам) (منگایب) аст (ҳамон маҷмўа, саҳ. 177) аз феълҳои «окандан», «огандан»
– пур кардан. Яъне, «биё, сарамро аз хушбўйиҳои бади ҳавасҳо пур кунам!»
Мисоли дигари хўрдани фиреби шабоҳати вожаҳо:

Макун сар дар ин чоҳи пур ганди вайл,
К-аз ў нашнавӣ ғайри дашноми шаб.

«Чоҳи пур ганди вайл»? Чӣ ҳарфест ину ба кадом забоне? Ноилоҷ ба ҳарфи аслаш менависему мекўшем

пешина
аз 323
навбатӣ