Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

омада, ҳамин ишколро ба дунбол овардаанд.
Яке аз вижагиҳои маҷмўаи «Шеъри муосири Эрон» манзур кардани ашъорест, ки ба хонандагони тоҷик камтар маълуманд. Масалан, Нусрат Раҳмониро тақрибан ҳама медонем (Нодирпури бузург шеъраш бахшидааст!), лекин шеърашро камтар дастрас кардаву хондаем. Дар китоби зери даст бо муаррифии зебову пурмаъное ҳашт шеъри мавсуф ба чоп расида, ки воқеан аз ҷумлаи ашъори «муваффақи муосир аст» ва бо забону баёну фалсафаи хоси хеш таъсиргузор хоҳад буд. Боз ҳам боиси таассуф аст, ки дар ин бахш низ сактаҳое роҳ ёфта, ҳусни баёнро костаанд. Аз ҷумла,

Ба ҳар дарё, ки рафтам, аз ў нишона набуд…
Вале чун дар бикушудам, касе ба хона набуд…
Чӣ суд хайкали ман, пайкаре асире буд…
Чӣ ғам агар, кашидам ҳамраҳи нокомӣ…
Баҳор буд, ки лола рўид аз дили санг…
Бидўз бар кафанат, сукут кун, бигзар…
Чашме ба рўйӣ ҳам заду гуфт: ҳон, гузашт

ва ғайра, вале паркандаву нотамом омадани шеъри «Модар» боиси афсўси бештар аст.
Чунон ки зикр кардем, дар аксари мавридҳо сабаби иштибоҳ шабоҳати вожае ба вожаи аслист, ки бе дарку фаҳм рўнавис шудааст. Мисоле рўшан аз шоири амиқандешу рўшанбаён Манучеҳри Оташӣ:

Ҳофизи инам, то бо суруди ҷовидонам.
Хонанд ё рақсанд туркони Самарқанд.

Чи ҷойи шубҳа, ки монандии вожаҳои «инам» (منیا) ва «наям» (مین) роҳзан шудаву ифодаи бисёр рўшани «Ҳофиз наям, то бо суруди ҷовидонам»-ро ба ин ҳоли зор расондааст (афтодан ё сарфи назар шудани «алиф» аз вожаи «инам» ҳеҷ аз эҳтимол дур нест).

пешина
аз 323
навбатӣ