МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
ашъори китоб чунин навишта мешуд, равонтару хушсадотар мебуд.
Бикўб, эй дасти марг, эй панҷаи марг,
Ба тундӣ бар дарам, то дар кушоям.
Ту мурғони қафасро пар кушодӣ,
Ман ин мурғи қафасро пар кушоям.
Мутаассифона, дар «Чашмҳо ва дастҳо» низ чунин омадааст, лекин шубҳае нест, ки мурғи сатри охирин «мурғи нафас» аст ва махсус – бо ишораҷонишин таъкид шуданаш ба ин далолат мекунад.
Дар мисраи «Ба тундӣ ҳалқа бар (?) зан, магў кист…»
вожаи «дар» ҳазф ва дар идомаи он қофияи солим (мане - аҳриманӣ) халалдор шудааст.
Чӣ шуд, ки (?) дар ин ошён напоидӣ,
Чӣ шуд, ки зуд аз ин ошён сафар кардӣ.
Вожаи «зуд» мутаносиби афтодаи худро бозгў мекунад, ки «дер» аст. Ҳамчунин, бо тақозои вазн дар ин шеър («Чароғе аз паси найзор») «ғурбат» «ғариб» аст, «ошёнаи»
– «ошёна», «коҷи» – «коҷ».
…Девор нестам, (?) Асири панҷаи бедод будаам.
Нақше даруни ойинаи сард нестам,
Зеро (?) ҳарчи ҳастам, бедард нестам.
Аз ҷойи аломатҳои савол вожаҳои «аммо» ва «ки»
афтода, боиси вайронии вазн шудаанд, ҳамчунон ки дар дигар ашъор «гаҳвора» ба ҷойи «гоҳвора», «раста» ба ҷойи «руста», «бифшурем» ба ҷойи «бияфшурем», «бигзор» ба ҷойи «бигузор», «талхист» ба ҷойи «талхест», «Нам-нами борони хуш аст» ба ҷойи «Нам-нами борон хуш аст», «зер коҳ» ба ҷойи «зери коҳ», «обии гардун» ба ҷойи «оби гардун»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо