Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Зи он ҷо, ки бўсаҳои ту он шаб шукуфту рехт…
Чун барги мурдае, ки дар афтанд ба пойи бод…

Фаҳмост, ки вожаҳои мазкур бояд «з-он» ва «дарафтад» бошанд. Вале бо ин сатр чӣ кор кардаанд: «Он бўсаҳоро, ки рехт аз коми маҳваше…». Илоҷе нест ҷуз рў овардан ба маҷмўаи шоир («Чашмҳо ва дастҳо», Теҳрон, «Марворид», 1382, саҳ. 112), то бифаҳмем, ки аслан «он бўсаро» ва «рехта» аст.
Ин пораро ҳам бе ёрии маҷмўаи мазкур (саҳ. 157) наметавон дуруст хонд:

Аз такдарахти зиндагии беумеди ман
Мурғони рўзҳо (?) як-як паридаанд.
Шабҳо чун тўдаҳои кулоғони шомгоҳ
Аз дур, аз дарёи уфуқҳо расидаанд.

Калимаи афтода «ҳама» аст, «чун» – «чу», «дарёи» – «диёри».
Дар шеъри «Барфу хун» «тирагӣ» «торикӣ», «дарахтони» «дарахтон», «розгўён» «розгўёни», «бикўбам»
«кўбам» шудаву сатри зебову гўёи «Кўрмолон қадам пас ниҳодам» афтодааст.

Ту, эй чашмсияҳ, бо шуълаи хеш
Шабонгоҳон диламро равшанӣ бахш.
Бисўзонам дар ин торикии марг,
Зи чанголи гуноҳам эминӣ бахш.

Ҳар касе, ки андаке аз вазну маънии шеър огаҳӣ дорад,
медонад, ки «чашмсияҳ» бояд «чашми сияҳ» бошад,
«эминӣ» – ба тақозои қофияи солим «эманӣ» ва калимаи
ишорашудаи мисраи дуюм дар шеър ва талаффузи мардумии эрониёну тоҷикон «рўшан» аст ва агар дар ҳамаи

пешина
аз 323
навбатӣ