Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

такрор), шонаеро (ی هناش) сояе (ی هیاس), дарраро (هرد) дурра (هرد), бешро (شیب) пеш (شیپ), сохтро дошт, ваъдагоҳҳоро (اه هاگ هدعو) ваъдаи гоҳҳо (اه هاگ ةدعو), метавон дар ҷаъбае моҳутро метавон бо дари ҷаъбаии моҳут, зиреҳро зареҳ, ҷараққаеро ҷурқае бихониву унвони шеърҳои машҳуртарин – «Танҳо садост, ки мемонад» ва «Таваллуде дигар»-ро ғалат («Танҳо садост, ки монад» ва «Таваллуди дигар», ҳатто «Дар тавлиди дигар») бинависӣ?
Маълум, ки шеъри Суҳроби Сипеҳрӣ аслан суннатӣ нест, дар қолаби хоси хеш асту фазое бекаронтар барои озодии эҳсосу андеша дорад. Бо вуҷуди ин, бастаи вазну зарби арўз аст, чун ҳама каломи мавзун мантиқу таносуби собит дорад ва андак халал дар забону баёнаш зуд ба гўшу дил мерасад. Мутаассифона, дар китоби мавриди назар чунин халалҳои вазну зарбу ифода зиёд рух додаанд.

Қоиқи аз тўр тиҳӣ…
На ба обиҳо дил хоҳам баст,
На дар ба дарё-париёне, ки сар аз об бадар меоранд…
Пушти дарёҳо шаҳрест
Ки дари он панҷараҳо рў ба таҷаллӣ боз аст…

Аз шеъри «Садои пойи об»:

… Лои ин шаби буҳо, пойи он коҷи баланд…
Пайи қади қомати мавҷ…
То ба овози шақоиқ, ки дар он зиндонист, Дили танҳоитон тоза шавад…
Ман аз ў пурсидам: дилхуши серӣ чанд?
…Об бе фалсафа мехўрдам.
Тут бе дониш мечидам
То чилаве мехонд, сина аз шавқи шунидан месўхт…
Бори худамро бастам, рафтам аз шаҳри хаёлоти сабук берун…
…Ва ҳамоғўшии зебоии арўсак бо субҳ…

пешина
аз 323
навбатӣ