Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Котибони матни русӣ натанҳо «суйи»-ро, ки дар шеър маъмулист, «сўйи» кардаву вазнро костаанд, балки худсарона «чил»-ро «чиҳил» навиштаанд, ки ҳеҷ ба сабки ноби хуросонии бетакаллуфу бетаоруфи шоири маъруф созгор нест.
Номи шеъри дуюми Фурўғи Фаррухзод чунин баргардон шуда: «Парранда мурданӣ аст», ҳол он ки дар «Девони ашъор»-и мавсуф (Теҳрон, интишороти «Марворид», 1372, саҳ. 468) бисёр хонову рўшан, муқтазои вазну зарб омадааст: «Паранда мурданист». Ё худ, сатри «Аз ту танҳоиям хомўшӣ гирифт» дар ҳамон китоб (саҳ. 332) имкон намедиҳад, ки ғалаташ бихонему вазни равони шеърро вайрон кунем: «Аз ту танҳоӣ-м (میاهنت) хомўшӣ гирифт».
«Харгўши ноороми шоде»-ро «миёни мардумакҳо» тасаввур кардан мантиқист? Албатта, не ва он «Харгўши ноороми шодӣ»-ст, ки «миёни мардумакҳо» тасаввур мешавад.
Ин пораи шеъри «Он рўзҳо» низ хароб рўбардор шуда.
Калимаҳои ишорашуда «ганҷеро» ва «сандуқхона» мебошанд, ки пуррагии маъниву вазнро таъмин мекунанд (ҳамон китоб, саҳ. 292):

…Он рўзҳо ҳар соя розе дошт,
Ҳар ҷаъбаи сарбаста розеро ниҳон мекард,
Ҳар гўшаи сандуқча дар сукути зуҳр
Гўйӣ ҷаҳоне буд…

Маълум нашуд, ки чаро 68 мисраи ин шеър, аз ҷумла
хулосаи он, ки шомили пораҳои хубест, ихтисор шуда? Оё
ин кори огоҳонаи мураттиби китоб аст ё амали худсаронаи
бознависони матн? Таҳрифу тахфифи ашъори пурфурўғи
Фурўғ ба ҳаддест, ки маҷоли ҳамаи онҳоро ҳам зикру
маънидод кардан нест. Оё камоли ноогоҳиву бесалоҳиятӣ
нест, ки чорчархаро чаҳорчарха (борҳо!), синаморо симо,
фосидро фасод, мутааҳҳидро мутаҳҳид, азро зи (ба-

пешина
аз 323
навбатӣ