МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
«зарбафт» – «зарбофт», «зи силии зан, зи силии хур» – «зи силизан, зи силихўр», «гул коғазин рўяд» – «гулкоғазин рўяд», «ҳало» – «ҳело», «ҷалиле» – «ҷалилӣ», «хати» – «хатти», «нигаҳ» – «нигоҳ», «алиле» – «алилӣ», «мекунем» – «мекунам», «роҳи нўш» – «роҳнўш» навишта, вазну таносубу мазмунро барҳам задаанд.
Зоҳири ҳуруфро дидану ба умқи маъно сар фурў набурдан боиси ғалатҳои фоҳиштаре шудааст:
Вале он ҷо ҳадиси бангу афюн аст
Аз атои пири дарвеше, ки мехонад…
Дар китоби шоир «Зимистон» (Теҳрон, интишороти
«Марворид», 1372, саҳ. 147) ин байт як мисраи равону барҷост: «Вале он ҷо ҳадиси бангу афюн аст – аз эътои дарвеше, ки мехонад…».
Ё худ, дар сатрҳои зерин аён аст, ки вожаҳои ишорашуда «бекарони», «маяндозем» (میزادنیم), «маёмўзем»
(میزومایم) мебошанд:
Ва мо бар бекарон сабзу махмалгунаи дарё
Меандозем заврақҳои худро чун кулли бодом
Ва мурғони сапеди бодбонҳоро меомўзем…
Вожаи «кули» (на «кулли»)-ро шоир худ шарҳ додааст ва агар ба он руҷўъ мешуд, ҳам ғалат рух намедод, ҳам маъно барои хонанда рўшантар мегашт: «Кул – ба замми кофи арабӣ; ба маънои пўст, аз яздиҳо шунидам» (ҳамон маҷмўа, саҳ. 151).
Байти зебое дорад Ахавони Солис, ки муаллифи китоб далели дилзадагии ў аз муҳити ғализу пурғавғои шаҳр дар пешгуфтораш ба ашъори шоир мисол овардааст:
Баъди чил сол, ки Рай дошт чу маҳбус маро,
Мекашад хок дигарбора суйи Тўс маро.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо