МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
бзӣ аст» ба ҷойи «сабзист»-ро чӣ сон метавон соф баровард? Вақте ки «ду» (ود)-ро «дар» (رد) мехонанду «мардумаконат» (درمتناکم)-ро «марди маконат» (تناکم،درم), дигар чӣ ҷойи гап?!
Боз чанде аз «шоҳкорҳои» барҷастаи бознависонро аз ашъори Аҳмади Шомлу бо саҳеҳаш манзури хонанда мекунем: «Хушо назари бозиё, ки ту оғоз мекунӣ» – «Хушо назарбозиё, ки ту оғоз мекунӣ», «Ки табардори воқеаро дигар Даст хаста, ба фармон нест» – «Дасти хаста ба фармон нест», «Бар фареби аташ Такия мекунад» – «Бар фиреби аташ Такя мекунад», «Он калом муқаддасро Бо шумо хоҳем омўхт Лекан ба хотири он Уқубате ҷонфарсоеро Таҳаммул мебоядтон кард» – «Он каломи муқаддасро Бо шумо хоҳем омўхт Лекин ба хотири он Уқубате ҷонфарсойро Таҳаммул мебоядатон кард», «То бо дарун дароиву дар хуш бингарӣ» – «…дар хеш бингарӣ», «Ва чунон қўе мағрур Дар зулоле хештан нигарист» – «…дар зулолии хештан», «Рўзгори ғарибест, нозанин!» – «Рўзгор ғарибест нозанин!».
Маҳдии Ахавони Солис низ на камтар аз таҳрироти ҷиддии баргардонкунандагони матни ашъораш бархўрдор шудааст: «Масеҳои ҷавонмарди ман! Эй тарсои пирпироҳани чиркин!» (نکرچ ،نهاریپریپ) - ба ҷойи «Масеҳои ҷавонмарди ман, эй тарсои пири пираҳанчиркин!» ( ریپ نکرچنهریپ) .
Ҳой! Нахарошӣ ба ғафлат гунаамро, теғ!
Ҳой, напарешӣ сафои зулфаконамро, даст.
Калимаҳои ишорашуда бояд «нахрошӣ», «напрешӣ»,
«зулфакамро» бошанд. Асли сатри «Ба сони раҳнаварде,
ки дар афсонаҳо гўянд…». «Ба сони раҳнавардоне, ки дар
афсонаҳо гўянд…» будааст. Ҷойи «раҳтўша» –
«роҳтўша», «суйи» – «сўйи», «чарогоҳи» – «чаро гоҳи», «самаршон» – «самарашон», «бигзорем» - «бигузорем»,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо